Вафо Назаров, Рассоми халқии Тоҷикистон, раиси Академияи мусаввирии ҷумҳурӣ ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ рӯзи 12 январи соли 2024 дар синни 83 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва дӯстону наздикони рассоми маъруф хабар доданд. Дар бораи иллати марги Вафо Назаров чизе гуфта нашудааст. Аммо гуфта мешавад, ки маросими видоъ ва намози ҷанозаи Вафо Назаров рӯзи ҷумъа, 12 январ дар масҷиди нави маҳаллаи Лучоби шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Вафо Назаров 6 майи соли 1940 дар деҳаи Девдараи ноҳияи Шӯробод (ҳоло ноҳияи Шамсиддини Шоҳин) ба дунё омадааст. Падари Вафо Назаров соли 1943 дар Ҷанги бузурги ватанӣ беномунишон шуд ва ӯ ятим монда, дар хонаи кӯдакони ноҳияи Ховалинг ба воя расид.
Вафо Назаровсоли 1960 омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Душанберо хатм кардааст. Дар солҳои донишҷӯӣ ҳамчун коргар дар сохтмони манораи телевизион дар пойтахт кор карда, баъди хатми омӯзишгоҳ, солҳои 1960—1963 ҳамчун рассоми таҳиягар дар телевизони Тоҷикистон кор кардаст. Вафо Назаров солҳои 1963—1966 хидмати ҳарбиро адо карда, баъди бозгашт аз артиш ба Донишкадаи театр, мусиқӣ, кинематография ва телевизиони шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) дохил шуд ва онро соли 1972 хатм карда, ба Тоҷикистон баргашт.
Ӯ солҳои 1972—1981 ҳамчун саррассоми студияи телевизони Тоҷикистон кор карда, соли 1981 раиси Фонди бадеӣ ва ҷонишини раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон иштихоб шуд. Аз соли 2009 раиси Академияи мусаввирии Тоҷикистон буд.
Вафо Назаров ҳанӯз соли 1968 ба узвияти Иттифоқи рассомони СССР, соли 1973 — ба узвияти Иттифоқи кинематографистони СССР, соли 1984 — ба узвияти Иттифоқи журналистони СССР ва соли 1996 — ба узвияти Ҷамъияти рассомон-графикҳои ЮНЕСКО пазируфта шуда буд.
Вафо Назаров ҳанӯз соли 1982 барои офаридани силсилаи асарҳои санъати тасвирии “Диёри нозанинам — Тоҷикистон” сазовори ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва соли 1997 сазовори унвони фахрии “Рассоми халқии Тоҷикистон” гардидааст.