ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ ПИЁДАГАРД ДАР ДЕВАШТИЧ ВА ҒОРАТИ ПУЛҲОИ ЯК ҶАВОН АЗ ҲАМАДОНӢ ДАР КӮЛОБ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 11 январи соли 2024

Пахши пиёдагард дар ҳудуди ноҳияи Деваштич

53

10-уми январи соли 2024, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Муҳаммадиев Фарҳод Бобоҷонович, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок» дар ҳудуди ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Салимов Шавкат Наимович, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Салимов Ш.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса санҷиш идома дорад.

Барои маълумот: Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Тасарруф намудани ҳамёни ҷавони 20-сола

60

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ муроҷиат намудааст, ки 9-уми январи соли 2024, тахминан соати 20:00, шахсони номаълум дар маҳаллаи 1-уми Майи шаҳри Кӯлоб бо роҳи ошкоро ва зӯроварӣ аз дасташ ҳамёнашро, ки дар дохилаш 2 ҳазору 100 сомонӣ дошт, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 22-сола бо ҳаммаслаконаш содир намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button