
Намояндагии Тоҷикистон дар Русия дар умури муҳоҷират бо натиҷагии фаъолияташ дар як соли гузаштаи 2023 хабар дод, ки дар давоми сол бо мусоидати мақомоти дахлдори Русия музди меҳнати пардохтношудаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳаҷми 244 миллиону 612 ҳазору 402,00 рубл (муодил ба 29 миллиону 353 ҳазору 488,00 сомонӣ, ё беш аз 2,6 миллион доллари Амрико) баргардонида шуд.
Намояндагӣ гуфт, кумаки ҳуқуқӣ ва мусоидат ба муҳоҷирон барои аз корфармоён рӯёндани маоши онҳо ба як самти асосии фаъолияти ин ниҳод дар Русия табдил ёфтааст.
Гуфта мешавад, сабабҳои напардохтани музди меҳнати муҳоҷирон гуногун аст, вале аксаран ба набудани шартномаи меҳнатӣ, номураттаб, нофаҳмо ва шифоҳӣ будани маслиҳат бо корфармо ва баъзан ба норозигии корфармо аз сифати пасти корҳои анҷомшуда вобастагӣ дорад.
“Азбаски муҳоҷирон бе шартномаи меҳнатӣ ба кор шуруъ намуда, дар ягон ҳуҷҷати расмӣ ному насабашон ба қайд гирифта нашудааст ва ғайр аз ин одатан муҳоҷирон ному насаби кордиҳандаи аслӣ, суроғаи ҳуқуқии корхонаро намедонанд, пайгирии масъалаи исботи муомилаи коргар бо корфармо мушкилӣ эҷод мекунад. Дар ин сурат Намояндагӣ бо навиштани аризаи шикоятӣ бо истифодаи камтарин далел масъалаи пардохт нашудаи музди меҳнати муҳоҷиронро тариқи суд баррасӣ менамояд, ки одатан мусбат ҳал мешавад”, – зикр шудааст дар ҳисобот.
Намояндагии Тоҷикистон дар Русия дар умури муҳоҷират ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия медиҳад, ки минбаъд ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ тибқи қонунгузории Русия амал карда, ҳатман бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонанд ва як нусхаи аслии онро пеши худ маҳфуз нигоҳ доранд.
Ҳамзамон, тибқи талаботи нав, аз 7 январи соли 2024 шаҳрвандони хориҷӣ, ки патент гирифтаанд, вазифадоранд, ки дар давоми ду моҳ аз рӯзи додани патент ба мақомоти ҳудудии муҳоҷирати ВКД Русияро аз ҷои кор пайдо карданашон бо огоҳинома хабардор кунанд.
Агар дар давоми ду моҳ огоҳинома дар бораи фаъолияти меҳнатӣ пешниҳод карда нашавад, пас патенти шаҳрванди хориҷӣ бидуни огоҳӣ бекор карда шуда, муҳлати будубоши ӯ дар қаламрави Русия кам карда мешавад. Дар сурати бекор кардани патенташ, муҳоҷирон танҳо баъди як сол метавонанд барои гирифтани патенти нав муроҷиат кунанд.
Намояндагии Тоҷикистон дар Русия дар умури муҳоҷират аз ҳамаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия хостааст, ки дар сурати пайдо шудани саволҳо ба бахшҳои ин ниҳод дар Маскав ва 5 ҳавзаи федералии Русия муроҷиат кунанд:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Маскав: +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
2. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98;
3. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (966) 031-22-22;
4. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;
6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (926) 311-52-53.