ҲУКМИ ЗИНДОНИ НАМОЯНДАИ МУХОЛИФИН ИЛҲОМҶОН ЁҚУБОВ ВА ПАДАРУ МОДАРУ ХОҲАРИ Ӯ
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд моҳи декабри соли 2023 Илҳомҷон Ёқубов, разбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо ва яке аз раҳбарони Паймони миллӣ, эътилофи 4 созмони оппозитсияи тоҷикро “ба муддати тӯлонӣ” маҳкум ба зиндон кардааст. Баробари ӯ падари 80-солааш Дадоҷон Ёқубов ба 14 соли зиндон, модари 75-солааш Очаҷон Ёқубова ба 7 сол ва хоҳари 52-солааш Мунира Ёқубоваро ба 5,5 соли зиндон маҳкум кардаанд.
Дар ин бора радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) рӯзи 11 январи соли 2024 бо такя ба як манбаи наздик ба тафтишот хабар дод.
Баррасии парвандаҳои 4 узви хонаводаи Ёқубовҳо дар додгоҳи Хуҷанд ва судури ҳукми онҳо ба сурати ғоибона сурат гирифтааст, чунки Илҳомҷон Ёқубов, ки қаблан раҳбари созмони вилоятии ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд, ва наздикони маҳкумшудааш ҳама дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебаранд.
Дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳукми Ёқубовҳоро шарҳ надодаанд, вале як манбаи наздик ба тафтишот бе зикри номаш рӯзи 11-уми январ гуфтааст, “Дадоҷон Ёқубов ба 14 сол, Очаҷон Ёқубова ба 7 сол ва Мунира Ёқубова ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуданд. Ҳамаи онҳоро бар асоси банди тундгароӣ муҳокима карда ва гунаҳкор донистанд.”
Ин манбаъ дар мавриди Илҳомҷон Ёқубов бидуни зикри муҳлати дақиқтаре танҳо гуфтааст, “ӯ ба муддати тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шудааст”.
Илҳомҷон Ёқубов ин ҳукмҳоро сангин номида, гуфтааст, “падару модари солхӯрдаам ва хоҳарам ба фаъолияти ман ҳеҷ рабте надоранд, чаро бояд ба зиндон маҳкум шаванд?”
Илҳомҷон Ёқубов, устоди варзиш дар намуди муштзанӣ (бокс) ва раҳбари собиқи созмони вилоятии ҳизби наҳзат дар вилояти Суғд, соли 2015, дар пайи манъи фаъолияти ҲНИТ тарки Тоҷикистон кард ва ҳоло дар Литва, як кишвари собиқ Шӯравии узви Иттиҳоди Аврупо ба сар мебарад. Падару модар ва хоҳараш соли 2016 ба Аврупо омаданд.
Илҳмонҷон Ёқубов мегӯяд, мақомоти Хуҷанд ҳанӯз дсоли 2016 акси ӯро дар қатори шахсони таҳти ҷустуҷӯ гузошта буданд. “Он замон алайҳи ман ба иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ва тундгароӣ парванда боз карданд. Акси падари 80-сола, модари 75-сола ва хоҳари 52-солаамро дар соли 2023 ба ин қатор изофа карданд,” – гуфтааст ӯ.
Падари ӯ Дадоҷон Ёқубов, устоди собиқи Донишгоҳи Хуҷанд, ки 80 сол дорад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пиромуни масоили мухталифи Тоҷикистон аз нигоҳи интиқодӣ изҳори назар мекунад, вале модару хоҳари Илҳомҷон Ёқубов фаъолиятҳои сиёсӣ надоранд.
“Як бародарам дар Тоҷикистон монда буд. Чанд муддат нопадид буд. Дар соли 2018 дарак ёфтем, ки фавтидааст. Бо талоши зиёд гӯрашро дар оромгоҳи “Нури Ислом” дар Хуҷанд ёфтем,” — мегӯяд Илҳомҷон Ёқубов.
Додгоҳҳои Тоҷикистон аз соли 2017 ба ин тараф аз таҷрибаи муҳокимаи ғоибонаи афроде, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, сар карданд. Аз ҳукмҳои пурсарусадое, ки додгоҳҳои Тоҷикистон ғоибона содир кардаанд, якеаш 15 сол ҳукми зиндони яке аз собиқадорони ҳизби наҳзат Шамсиддини Саид аст, ки ҳанӯз соли 2018 содир шуда буд. Соли 2019 Додгоҳи олии Тоҷикистон боз ҳам дар ғайбаш Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзатро ба ҳабси умрбод маҳкум кард, вале то кунун ин ҳукми худро расман нашр накардааст.
Додгоҳи олӣ фаъолияти ҲНИТ, ташаккули аз ҳама умдаи оппозитсияи тоҷикро соли 2015 манъ кард. Ин ҳизб ҳоло асосан дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо амал мекунад.


Маърифату фарҳанги сиёсии халқи Тоҷикистон ҳанӯз ба “балоғат” нарасидааст, тарсу ваҳм аз давлат ҳанӯз побарҷост ва баръакс рӯ ба афзоиш овардааст. Ҳатто, як ҳизби калони сиёсӣ (далерона) чунон фирор кард, ки аз хориҷ талаби асосияш тағйири низом не, балки озодии чанд тан аз аъзоёнаш мебошад. Фирори оппозитсия нишонаи тарс ва заъф аст, фаъолияташ дар хориҷ нишонаи машруъият бахшидан ба низоми ҳоким дар дохил аст, ин чизест, ки қабл аз ҳама ҳукуматро розӣ мекунад.