ВидеоМуҳоҷирон

АЗ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ ЕКАТЕРИНБУРГ 2,5 МИЛЛИОН РУБЛ ПУЛИ НАҚД ЁФТААНД

Кормандони боҷхонаи фурудгоҳи Колтсовои шаҳри Екатеринбурги Русия дар рӯзҳои иди Соли нав аз кӯшиши ба хориҷ бурдани тақрибан 6 миллион рубл пули нақд пешгирӣ кардаанд. Маблағи аз ҳама бузурги рекордӣ 2 миллиону 500 ҳазор рублро ташкил дод, ки бино ба гузориши раёсати боҷхонаи минтақаи Урал, ин миқдор пули зиёдро аз пойтахти ғайрирасмии Урал як шаҳрванди Тоҷикистон – мусофири парвози Екатеринбург – Хуҷанд бо худ ба Ватан бурданӣ буд.

Ба ӯ бо худ бурдани танҳо як миллион рублро иҷозат дода, 1,5 миллион рубли боқимондаашро, ки бе эъломия ба хориҷ бурданашон мумкин набуд, то судури ҳукми додгоҳ гирифтаанд. Ба шаҳрванди Тоҷикистон барои кӯшиши ба хориҷи Русия бурдани маблағи бузурги пули нақд ҷарима ба маблағи аз 750 ҳазор то 3 миллион рубл таҳдид мекунад. Якуним миллиони аз ӯ гирифташударо низ метавонанд ба фоидаи давлат мусодира кунанд.

Сергей Боровик, сардори боҷхонаи фурудгоҳи Колтсово ба журналистон гуфт:  “Марзи Русияро бидуни эъломияи гумрукӣ метавон танҳо бо маблағи на бештар аз 10 ҳазор доллар убур кард. Фарқ надорад, ки шумо рубл мебаред, евро, юан, ё ҳар пули дигар. Муҳим ин аст, ки маблағ тибқи қурби расмӣ аз ҳадди 10 ҳазор доллар нагузарад. ТИн қоида танҳо барои интиқоли пули нақд аст. Барои берун баровардани пуле, ки шаҳрвандон дар кортҳои бонкӣ доранд, ягон маҳдудият ҷорӣ карда нашудааст”.

Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирони тоҷик дар роҳи бозгашт ба Ватан аз муҳоҷирати меҳнатӣ дар фурудгоҳҳои Русия бо миқдори зиёди пули нақд ба даст меафтанд.

Тоза як моҳ қабл – 12 декабри соли 2023 года – кормандони боҷхонаи фурудгоҳи Сургут аз бағочи як мусофири парвози Сургут – Хуҷанд 1 миллиону 10 ҳазор рубл пули нақд ёфтаанд. Ин мусофир бо чунин маблағи бузург аз “роҳрави сабз” мегузашт. Кормандони боҷхона баъди пур кардани протокол 973 ҳазор рубл, муодили 10 ҳазор доллари Амрикоро ба соҳиби пул баргардондаанд, вале 36 ҳазореро, ки меъёр зиёд буд, гирифтаанд.

Игор Галузин, сардори боҷхонаи Сургут дар шарҳи ин ҳодиса гуфт: “Ҳангоми ҳисоби пулҳои нақд маълум шуд, ки ин шаҳрванд аз Русия маблағи беш аз 10 ҳазор долларро ба хориҷ бурданӣ буд. Тибқи қурби расмии Бонки марказии Русия,  ӯ аз ҳаҷми иҷозатдодашуда 36 ҳазор рубл пули бештар бо худ дошт. Ӯ метавонист бо “роҳрави сурх” гузашта, дар эъломияи гумрукӣ нишон диҳад, ки бо худ чӣ қадар пул дорад. Бояд таъкид кунам, ки пур кардани эъломияи гумрукӣ бепул аст ва шаҳрвандон барои пуле, ки бо худ мебаранд, ягон хел боҷу хироҷ намесупоранд”.

Дар робита ба ин ҳолат и дар боҷхона эълом накардани пули нақд бар асоси моддаи 16.4 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия парвандаи маъмурӣ кушоданд. Моддаи 16,4 барои бидуни эъломия аз марзи Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё (ЕАЭС) берун бурдани маблағи аз меъёр бештар ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 50% то ду баробари маблағи ёфтшуда ваё мусодираи ин маблағи ёфтшударо пешбинӣ мекунад.

Ҳукумати Русия дар пайи эъмоли таҳримҳои сангини байнмалмилалӣ баъди ҳамлаи нирӯҳояш ба Украина интиқоли пул ба хориҷи ин кишварро таҳти назорати шадид гирифта, хеле маҳдуд кардааст. Ҳоло аз Русия баровардани маблағи беш аз 10 ҳазор долларро комилан манъ кардаанд.

Берун баровардани пули нақд бо рубли русӣ маҳдуд нашудааст, вале дар сурати баровардани маблағи тибқи қурби расмӣ аз 10 ҳазор доллари Амрико бештар бояд соҳиби пул эъломия пур кунад. Дар сурати бо худ бурдани маблағи тибқи қурби расмӣ беш аз 100 ҳазор доллар, шаҳрвандон бояд дар баробари эъломияи ба кормандони боҷхона ҳамчунин санадҳо дар бораи манбаи расмии ин пулҳои бо худ доштаашонро нишон бидиҳанд.

Айни талабот барои асъори хориҷӣ пешбинӣ шуда буд, вале президенти Русия рӯзи марти соли 2022, дар пайи шурӯи ҷанги зидди Украина бо имзои як фармон аз кишвараш баровардани асъори хориҷӣ ба маблағи беш аз 10 ҳазор долларро комилан манъ кард.

Ҳодисаи охир дар ҳоле рух дод, ки ин шабу рӯз авҷи мавсими аз Русия баргаштани муҳоҷирони корист. Бисёре аз онҳо пулҳои бо азоб дар муҳоҷират кор кардаашонро мехоҳанд ба сурати нақд ба Ватан биоранд.  Ба ин далел, аз муҳоҷирони тоҷик даъват мекунем, ки ҳангоми аз Русия баровардани пули нақд хеле эҳтиёт кунанд, то ки пулҳои бо ин қадар азобу машаққат дар мулки ғурбат бадастовардаашон мусодира нашавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button