Додгоҳи ноҳияи Заелтсовои шаҳри Новосибирски Русия рӯзи 10 январи соли 2024 шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон Қосимҷон Ҳоҷибоевро ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Хадамоти матбуоти додгоҳ гуфт, ки шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси қисми дуюми моддаи 158 ва қисми дуюми моддаи 167 Кодекси ҷиноятии Русия дар дуздӣ ва қасдан несту нобуд кардани молу мулки нафари дигар, дақиқтараш, дар оташ задани 10 мошини гаронбаҳои корфармояш гунаҳкор шинохта шуд. Худи Қосимҷон Ҳоҷибоев дар ҷараёни тафтишот ва дар додгоҳ ин иттиҳомотро комилан рад карда, гуфтааст, он шаб дар ҷои дигар буд ва ҷисман наметавонист гаражи корфармояш автогоншики шинохтаи маҳаллӣ Дмитрий Матвеевро оташ бизанад. Аммо расонаҳои маҳаллӣ менависанд, ки муҳоҷири тоҷик бо чунин роҳ аз корфармои хасисаш барои маоши ночизи ба ӯ пардохткардааш интиқом гирифтааст. Интиқом ба маблағи 120 миллион доллар, ё тақрибан 1 миллиону 400 ҳазор доллар!
Хадамоти матбуоти додгоҳи ноҳияи Заелтсово дар иттилоияш гуфт: “Додгоҳ муайян кард, ки дар натиҷҷаи аъмоли барқасдонаши ҷиноятиаш Қосимҷон Ҳоҷибоев молу мулки ҷабрдидаҳо ба маблағи беш аз 113 миллион рублро нобуд кардааст. Ба болои ин, Ҳоҷибоев велосипеди яке аз ҷабрдидаҳоро дуздида, ба вай ба маблағи 17 ҳазору 300 рубл зарар расондааст. Бо ҳукми додгоҳ даъвоҳои ду ҷабрдида низ қонеъ гардонида шуда, барои онҳо аз ҳисоби маҳкумшуда мутаносибан 27 ҳазору 300 рубл ва 230 ҳазор рубл рӯёнда шуд”.
Ин товон барои як велосипед ва зарарест, ки сӯхтор ба бинои гаражи соҳибхона расонда буд. Дар бораи ҷуброни зарар барои 10 мошини сӯхта чизе гуфта нашудааст, чунки, қарори маълум, аз як муҳоҷири бечора рӯёндани чунин маблағи бузург – 120 миллион рубл – коре хориҷ аз ҳадди имкон ба назар мерасад…
Қосимҷон Ҳоҷибоев дар хонаи автогоншик Дмитрий Матвеев бар асоси тавофуқи лафзӣ мардикорӣ мекард, вале Матвеев маоши ӯро назар ба ваъдааш хеле камтар додааст. Қосимҷон Ҳоҷибоеви аз шароити кор ва маошаш норозӣ шаби 9 феврали соли 2023 ба гаражи Матвеевҳо дар қабати аввали коттеҷи сеқабатаи ин оила дар мавзеи Заелтсовский Бор даромадааст ва ба болои мошини қиматбаҳои тамғаи “Bentley Bentayga” бензин пошида, онро оташ задааст ва сипас аз гараж як велосипеди соҳибхонаро гирифта, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.
Хабари сӯхтор ба сӯхторнишонҳо соати 02:28 расид ва танҳо соати 04:35 тавонистаанд оташро хомӯш кунанд. Сӯхтор ба ҷуз аз “Бентли” боз 9 мошини дигари гаронбаҳоро, ки ба ширкати Дмитрий Матвеев ва аъзои оилаи ӯ тааллуқ дошт, ба коми худ фурӯ кашидааст. Аз ин шумор 8 мошин:
- Bentley Bentaygа, арзишаш 16,2 млн рубо
- Bentley Continental (17,3 млн рубл),
- Mercedes-Benz AMG (16,4 млн рубл)
- боз як Mercedes-Benz AMG ( нархи он ҳам 16,4 млн рубл)
- Lexus LX (5,8 млн рубл),
- Toyota Land Cruiser-300 (9,2 млн рубл),
- BMW X5 (13,6 млн рубл),
- Dodge Ram (8,4 млн рубл) пурра сӯхта, нобуд шудаанд.
Боз ду мошини дигари гаронбаҳои Матвеевҳо:
- Porsche 911 ва
- Mercedes-Benz — қисман сӯхтаанд.
Матвеевҳо иддао доштанд, ки бар асари сӯхтор боз дигар молҳои қиматбаҳои онҳо, ки дар даруни мошинҳо буданд, аз ҷумла ҷузвдони занони тамғаи Victoria Beckham, арзишаш 100 ҳазор рубл ва айнакҳои тамғаи Chanel нобуд шуда, сӯхтор ба хатҳо ва таҷҳизоти фаннии хонаи онҳо низ зарар овардааст. Хушбахтона, ду нафаре, ки он шаб дар коттеҷ буданд, зарар надидаанд.
Мақомоти тафтишотӣ муътақиданд, ки Қосимҷон Ҳоҷибоев мошинҳои Матвеевро қасдан ва бо мақсади ниқоргирӣ оташ задааст. Дар парванда гуфта мешуд, ки маоши Ҳоҷибоев моҳона ҳудуди 50 ҳазор рубл буд, вале ӯ аз ҳаҷми маош ва шароити кораш норозӣ будааст ва ба чунин шакл аз корфармояш ниқор гирифтааст.
Бино ба фарзияи тафтишот, Ҳоҷибоев аз қабл ниқоб ва дастпӯшак тайёр карда, ҳамон шаби 9 феврал пулти идораи дарҳои гаражро ҳам бо худ гирифтааст ва соати дуи шаб вориди гараж шуда, мошини аз ҳама гаронбаҳо ва аз ҳама дӯстдоштаи соҳиби хона — “Bentley Bentayga”-ро оташ задааст.