ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ШАРҲИ ВКД ДАР БОРАИ САДАМАИ ПУРҚУРБОНИИ КӮЛОБ: 2 НАФАР ҲАЛОК ВА 5 КАС МАҶРУҲ ШУД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон садамаи пурқурбонии субҳи 8 январи соли 2024 дар шаҳри Кӯлобро шарҳ дод ва гуфт, бар асари ин садама 2 нафар ҳалок гардида, 5 каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Бино ба иттилои ВКД, субҳи 8-уми январи соли 2024, тахминан соати 08:15, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Зоиров Амрохон Мирзохонович, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Ш.Шоҳин ба самти кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “ДЭУ Сиэло”, таҳти идораи Абдураҳимов Кароматулло Сафаралиевич, соли таваллудаш 1989, низ сокини шаҳри Кӯлоб бархӯрдааст. Дар пайи ин бархӯрд, мошини тамғаи “ДЭУ Сиело” ба нуқтаи фурӯши ҳуҷраҳои истиқоматӣ, ки аз тарафи чапи канори роҳ ҷойгир мебошад, зада даромадааст.


“Дар натиҷаи садама, корманди нуқтаи фурӯши хонаҳо Кенҷаев Исмоил Кенҷаевич, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Кӯлоб ва ронандаи мошини “ДЭУ Сиэло” Абдураҳимов К.С. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Инчунин, 3 мусофири мошини тамғаи “ДЭУ Сиэло” ва ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра” Зоиров А.М. ва мусофираш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд”,
– гуфта мешавад дар хабари ВКД.

Бино ба хабари дигари ВКД, шоми 7-уми январи соли 2024, тахминан соати 18:00, дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Шарипов Абдуқаҳор Ғафорович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Восеъ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Сайфуллоев Зайнулло Файзович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Вахшро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Сайфуллоев З.Ф. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Қаблан гузориш шуда буд, ки субҳи 8 январ бар асари ба девори ширкати хонафурӯшии “Коррез” бархӯрдани як мошин дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии шаҳри Кӯлоб  се нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ин садама дар роҳе рух дод, ки се маҳаллаи шаҳри Кӯлоб: 1-уми май, Шамсиддин Шоҳин ва Ҳофизи Шерозиро мепайвандад. Ба ин минтақа аз чаҳор гӯшаи шаҳр мошинҳо рафту омад мекунад ва яке аз чорроҳаҳои аз ҳама пурмошини шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад. То чанд соли пеш дар ин минтақа чароғақи роҳ фаъол буд ва рафтуомади мошинҳо тавассути он танзим мешуд. Вале бо оғози сохтмони хонаҳои баландошёна дар ин минтақа чароғакро канданд ва баъдан аз нав насб кардани онро  “фаромӯш” карданд.

Аз қавли сокинони маҳаллаҳои гирду атроф гуфта мешавад, ки яке аз омилҳои садамаҳо банд кардани пиёдароҳ ва то лаби шоҳроҳ маҳкам кардану сохтани биноҳост.

Ин нахустин чунин садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб нест. Шоми 6 августи соли 2023 дар кӯчаи Ҷумъа Алӣ, дар назди бозори “Сомониён”  ба иллати болои мошинҳову мардуми раҳгузар ва хонаҳои истиқоматӣ сарозер шудани як мошини пурборе, ки тормозаш аз кор баромада буд, 10 нафар ба ҳалокат расида, 11 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

 Гуфта мешуд, ки мошин ба ширкати “Кафолати воридоту содирот” тааллуқ дошт ва аз Хитой молҳои канселярӣ меовард. Ронандаи мошин низ дар он садама ҷон дод.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button