САДАМАҲОИ МАРГОВАР ДАР ФАРХОРУ САНГВОР ВА МАСТЧОҲУ ШАҲРИНАВ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 8 ва 9 январи соли 2024 дар 4 садама дар ҳудуди ноҳияҳои Фархор, Сангвор, Мастчоҳ ва Шаҳринав дастикам 5 нафар, аз ҷумла як кӯдаки дусола ва як зани солхӯрдаи 61-сола ба ҳалокат расидаанд.
Бино ба маълумотти ВКД, аз ҷумла шоми 8-уми январи соли 2024, тахминан соати 17:30, ронандаи скутери дучархаи тамғаи “Супер”, Эмомқулов Мақсуд, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Фархор ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати шаҳраки Фархор ба самти деҳаи Сурхоби ноҳияи мазкур, дар роҳи мошингарди деҳаи Муродбахш аз уҳдаи идораи дучархааш набаромада, ба тарафи чапи роҳ ҳаракат намуда, ба дарахт бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дучарха Тулаев Баҳром Бегматович, соли таваллудаш 1981, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Худи ронанда, Эмомоқулов М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҷон додааст.

Шаби 8-уми январи соли 2024, тахминан соати 20:00, ронандаи мошини тамғаи «Ҳонда-СRV», Зикриёзода Фирдавсхӯҷа Қосим, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар километри 352-юм шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди маҳаллаи 40-солагии Дилварзини ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Азизова Зулхумой Маҳмадовна, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Азизова З.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Субҳи 9-уми январи соли 2024, тахминан соати 09:15, ронандаи мошини тамғаи “УАЗ-469”, Маҳмадизода Қамаралӣ Сафаралӣ, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Сангвор ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромад ва мошини ӯ, ба нишебии тӯлаш тахминан 27 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Маҳмадизода Қ.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири мошини мазкур, Назирматов Ҷамшед Умаршоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ва шоми 9-уми январи соли 2024, тахминан соати 17:45-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Қодиров Қобилҷон Муъминҷонович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Турсунзода, дар роҳи давродаври сари пули маркази ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “ДЭУ-Тико”, таҳти идораи ронанда, Шарифов Фаррухҷон Сатторович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони мошини тамғаи “ДЭУ-Тико” ноболиғон: Расулҷони Азиза, соли таваллудаш 2008, ва Шарифов Абубакр Фаррухҷонович, соли таваллудаш 2022, сокинони ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Баъдан ноболиғ Шарифов А.Ф. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВКД гуфт, оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.