БОЗДОШТИ ДУ ТАШКИЛКУНАНДАИ ЛОТЕРЕЯИ БАРДУРӮҒ БО БУРДИ МОШИН
Вақтҳои охир баъзе нафарони мардумфиреб бо мақсади ба даст овардани даромади муфт бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои интернет бозиҳои лотереяро бо бурди мошинҳо ташкил ва эълон карда, шаҳрвандон, бахусус муҳоҷиронро фиреб медиҳанд ва бо сӯиистифода аз боварӣ маблағҳои бузурги онҳоро тассаруф, яъне аз они худ мекунанд. Тавре ба назар мерасад, вақтҳои охир шумори зиёде аз блогерҳои тоҷик низ дар ташкил ва таблиғи чунин лотереяҳо фаъолона саҳм гирифта истодаанд.
Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 10 январи соли 2024 аз боздошти ду блогер бо иттиҳоми қаллобӣ хабар дод ва гуфт, ки сокинони ноҳияи Рудакӣ Ғафурзода Сомон ва Гулзода Некрӯз дар видеохостинги шабакаи иҷтимоии “YouTubе” саҳифаҳои худро бо номҳои “SOMONOfficial” ва “МАКSIМ ТV” ба қайд гирифта, бозии лотерея ташкил кардаанд ва бардурӯғ чандин мошини тамғаҳои “КИА К5”, “Тойота Камри”ва“Ҳюндай Соната”-ро ба бозии лотерея гузошта, шаҳрвандони зудбоваррро ба маблағи садҳо ҳазор сомонӣ фиреб додаанд.
Худи Сомон Ғафурзода ва Некрӯз Гулзода ва наздикони онҳо барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд, вале бино ба нақли Додситонии кул, онҳо тибқи шартҳои пешбинигардида мошинҳои ваъдагиро бояд бо эълони натиҷаи бозӣ ба шахсони бурдкаруда медоданд.
“Аммо Сомон Ғафурзода ба боварии шаҳрвандон Қодиров Ҷ.Р. ва Саидов А.О. даромада, бо роҳи фиреб, ки бе гузаронидани бозӣ мошинҳои дар бозӣ гузошташударо бо нархи арзон ба онҳо мефурӯшад, аз номбурдагон тавассути интиқоли пулӣ маблағи 180 ҳазору 500 сомониро гирифта, тасарруф намуда, ба онҳо зарари махсусан калони моддӣ расонидааст”, – хабар медиҳад Додситонии кул.
Бо ҳамин роҳу усул, меафзояд Додситонии кул, “Наврӯз Гулзода низ ба боварии шаҳрвандон Назаров Э., Салимов Н. ва Қараев Б. даромада, бо ваъдаи бардурӯғ, ки баъди баргузории бозӣ мошинҳои “Тойота Камри” ва “Ҳюндай Соната”-ро ба онҳо арзон мефурӯшад, аз шаҳрвандони номбурда дар се ҳолат тавассути ҳамёни электронии “Душанбе Сити” ҷамъ 230 ҳазору 200 сомониро гирифта, тасарруф кардааст”.
Ба ҳисоби тафтишот, дар натиҷаи кирдорҳои қаллобонаи Сомон Ғафурзода ва Наврӯз Гулзода маблағи хеле зиёди шаҳрвандон, дар маҷмуъ 590 ҳазору 700 сомонӣ тассаруф карда шудааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 8 ноябри соли 2023 нисбат ба Сомон Ғафурзода ва Наврӯз Гулзода бар асоси моддаи 247, қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун ҷарима ба маблағи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне ба маблағи тақрибан аз 100 ҳазор то 150 ҳазор сомонӣ, ки ба маротиб камтар аз маблағҳои тасарруфшуда аст, ваё аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Таҳқиқи “Бомдод” нишон дод, ки канали “МАКSIМ ТV” аз Ютуб алакай ғайб задааст, вале канали “SOMONOfficial” ҳамчунон фаъол буда, охирин видео бо даъват барои иштирок дар лотерея дар ин канал тоза шаби 9 ба 10 январи соли 2024 гузошта шудааст.
Маъмури канал мегӯяд, бозии лотереяашонро мебоист дар Соли нав барпо мекарданд, вале азбаски ҳамаи баргаҳои лотерея фурӯхта нашуд, финалро ба рӯзи 15 январ гузоштаанд. Ӯ ҳамчунон бо дили пур ба муштариён, ки онҳоро “шерони нар” ном мебарад, ваъда медиҳад, ки барандагони лотерея иловатан соҳиби як мошини “Тойота Кемри”-и нав аз салон харидашуда ва боз 10 мошини “Опел” мешаванд. Ҷолиб он аст, ки ташкилкунандаи лотерея дар канали “SOMONOfficial” ҳар дафъа видеоҳои худро дар назди автосалонҳо сабт мекунад ва тавре вонамуд мекунад, ки ҳамаи мошинҳо дар ин автосалонҳо аз ӯ бошанд.
Нуктаи дигари ҷолиби таваҷҷуҳ дар ин қазия ин аст, ки дар ҳоле ки Додситонии кул мегӯяд, ҳанӯз 8 ноябр ба зидди ин мардумфиребон парванда кушодааст, дар канали “SOMONOfficial” тамоми моҳи декабру инак моҳи январ таблиғи лотерея ҳамчунон пурҷӯш идома дошт.