ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

4 ҚАЛЛОБӢ ДАР ДУШАНБЕВУ ВАҲДАТ ВА 3 ДУЗДӢ ДАР БАЛХИВУ СИНО ВА СПИТАМЕН

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 9 январи соли 2024

Ифшо шудани қаллобиҳо дар ҳаҷми махсусан калон

16

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2018, марди 39-солаи сокини ноҳия Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 3 миллиону 370 ҳазору 300 рубли русиро гирифта, ваъда додааст, ки аз Россия якчанд автомашинаҳои мусофиркашонӣ харидорӣ намуда ба иҷора супорида, фоидаи ба даст овардаашонро байни ҳамдигар тақсим мекунанд, аммо ӯ ваъдаашро иҷро накарда, аз ин маблағ 600 ҳазор рублро дода, боқимонда маблағи мазкурро то ҳол барнагардонидааст.

Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 39-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2022, зани 36-солаи сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ҷавоҳироти тиллоиро ба маблағи 77 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе моҳи декабри соли 2023, ҳангоми дар кӯчаи Бинокорони шаҳри Ваҳдат қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, 1-адад автомашинаи тамғаи “КИА”-ро ба гарав монда, аз ҷабрдида 50 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки гумонбаршаванда моҳи декабри соли 2023, ҳангоми дар кӯчаи мазкур қарор доштанаш, бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада, воситаи нақлиёти сабукрави шахсиаш тамғаи “КИА”-ро ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда гирифта, автомашинаро ба гарав гузошта то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҷиноятҳои дуздии молу ашёи гуногуни шаҳрвандон

14

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун муроҷиат намудааст, ки 13-уми декабри соли 2023, ҳангоми дар истгоҳи мусофиркашонии ҷамоати шаҳраки Гулистон қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ 1-адад “Скутер”-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 6 ҳазору 350 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияии Сино аризаи марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 26-уми декабри соли 2023, тахминан соати 05:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди тарабхона 1-адад таҷҳизоти яхмосбарории «Фрейзер»-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 35 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 37 ва 42-солаи сокини шаҳрҳои Душанбеву Ҳисор ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ҳамзамон, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27 ва ҷавони 24-солаи сокинони ноҳияи Спитамен бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 19-уми декабри соли 2023, тахминан соати 16:00, ба нуқтаи шустушӯи нақлиётӣ, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен даромада, бо роҳи пинҳонӣ 1-адад таҷҳизоти автомобил таъмиркунӣ (подъёмник)-ро, ки ба марди 46-солаи сокини ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button