САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР КӮЛОБ: “НЕКСИЯ” БА ДЕВОРИ ШИРКАТИ ХОНАСОЗИИ “КОРРЕЗ” БАРХӮРДААСТ
Бар асари ба девори ширкати хонасозии “Коррез” бархӯрдани як мошин дар шаҳри Кӯлоб се нафар ба ҳалокат расидаанд. Ин садамаи пурқурбонӣ субҳи 8-уми январи соли 2024 дар маҳаллаи Ҳофизи Шерозӣ рух додааст.
Дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб ба радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) гуфтаанд, мошини таксии тамғаи “Нексия”, ки аз самти бозори “Сомониён” ҳаракат мекард, ба девори идораи хонасозии “Коррез” бархӯрда, зада, ба дохили бино даромадааст.
Бино ба маълумоти милитсияи Кӯлоб, дар натиҷа ронанда, як мусофири дохили мошин ва ҳамчунин як сохтмончии корхонаи “Коррез” ҷон бохтаанд. Аз онҳо Исмоил Кенҷаев, Наврӯз Исмоилов ва Каромат Абдураҳмонов ном бурдаанд.
Дар бемористони минтақавии Кӯлоб гуфтанд, ки яке аз фавтидаҳо аз сар осеб дида буд.
Садамаи мазкур дар роҳе рух додааст, ки се маҳаллаи шаҳри Кӯлоб: 1-уми май, Шамсиддин Шоҳин ва Ҳофизи Шерозиро мепайвандад. Ба ин минтақа аз чаҳор гӯшаи шаҳр мошинҳо рафту омад мекунад ва яке аз чорроҳаҳои аз ҳама пурмошини шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад. То чанд соли пеш дар ин минтақа чароғақ фаъол буд ва рафтуомади мошинҳо танзим мешуд. Бо оғози сохтмони хонаҳои баландошёна, чароғакро канданд ва аз нав насб кардани онро “фаромӯш” карданд.
Аз қавли сокинони маҳаллаҳои гирду атроф гуфта шудааст, ки яке аз омилҳои чунин садамаҳо банд кардани пиёдароҳ ва то лаби шоҳроҳ маҳкам кардану сохтани биноҳост.
Ин нахустин чунин садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб нест. Шоми 6 августи соли 2023 дар кӯчаи Ҷумъа Алӣ, дар назди бозори “Сомониён” ба иллати болои мошинҳову мардуми раҳгузар ва хонаҳои истиқоматӣ сарозер шудани як мошини пурборе, ки тормозаш аз кор баромада буд, 10 нафар ба ҳалокат расида, 11 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Гуфта мешуд, ки мошин ба ширкати “Кафолати воридоту содирот” тааллуқ дошт ва аз Хитой молҳои канселярӣ меовард. Ронандаи мошин низ дар он садама ҷон дод.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.