ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронСиёсат

ИН ҚАДАР ТОҶИКҲОИ ДОИШИИ ОМОДА БА ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР АВРУПО АЗ КУҶО ПАЙДО ШУД?

Рӯзи 7 январи соли 2024 ду ҳафта муҳлати ҳабси марди 30-солаи зодаи Тоҷикистон Муҳаммадраҷаб Б., ки дар ғарби Олмон бо гумони омодагӣ  ба ҳамла ба калисои Стефани муқаддас ва парки фароғатии Пратер дар шаҳри Вена дастгир шуда буд, ба поён расид. Аммо пулиси Олмон гуфт, ки ӯ бо дархости  пулиси Австрия дар паси панҷара боқӣ мемонад. То замоне ки мақомоти Австрия дар мавриди ба ҷавобгарӣ кашондан ваё ихроҷи ин зодаи Тоҷикистон тасмим бигиранд.

Худи Муҳаммадраҷаб Б. ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба гумони тафтишот, ӯ мехост аз номи созмони террористии ДОИШ-Хуросон дар рӯзҳои иди Мавлуди Масеҳ ё Соли нв бо мошини пур аз маводи тарканда ба калисо ва боғ дар Вена ҳамла кунад.

Тафтишот ҳамчунин бар ин аст, ки Муҳаммадраҷаб танҳо як бахши як шабакаи бузурги афроди ДОИШ дар Аврупо буд, ки нақшаи ҳамла ба калисои машҳури қадима дар шаҳри Кёлни Олмонро низ дар сар доштанд, вале дар Кёлн ҳамлаашонро мехостаанд бо истифода аз дрон (ҳавопаймои бесарнишин) анҷом бидиҳанд.

Гуфта мешавад, гуруҳи бузурге аз ҷангиёни ДОИШ ба Аврупо паноҳ бурда, дар ин ҷо шуъбаҳои махуфи ин гуруҳи террористиро созмон додаанд ва гӯш ба қимор буданд, ки оё роҳбарони ДОИШ дар оянда чӣ амре ё супорише ба онҳо хоҳанд дод?

Матбуоти Олмону Австрия дар рӯзҳои охир дар бораи сели боздоштҳои аъзои ДОИШ, ки, мутаассифона, аксарашон зодагони Тоҷикистонанд, хабар медиҳанд.

Нахустин шуда, рӯзи 23 декабри соли 2023 дар як манзил даар шаҳри Везели Олмон Муҳаммадраҷаб бо 4 ҳамхонааш дастгир шуданд. Он 4 нафарро баъди бозпурсӣ ҷавоб доданд, вале Муҳаммадраҷабро то 7 январ ба ҳабс гирифтанд ва инак муҳлати ҳабсаш боз тамдид шуд.

Ҳамзамон бо ӯ, ҳамон рӯзи 23 декабр дар Вена, пойтахти Австрия 4 нафар, аз ҷумла зану шавҳарро дастгир карданд. Номи яке аз онҳо нашр шудааст. Мурод Тошбекович И. нафаре шумурда мешавад, ки узви шуъбаи ДОИШ дар Вена буда, ҳамчун канали тамос байни роҳбарони ДОИШ-Хуросон ва ҷангҷӯёни ба Аврупо роҳ ёфта хидмат мекард. Аз ҷумла тафтишот муайян кардааст, ки  ӯ бо Муҳаммадраҷаб аз 20 то 23 ноябри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Вендели Олмон мулоқот кардааст. Гумон меравад, ки онҳоро ҷузъиёти ҳамлаи нақшарезишудаашонро маслиҳат кардаанд. Ба мақомот ҳамчунин маълум шудааст, ки Муҳаммадраҷаб Б. рӯзи 19 декабр, яъне 4 рӯз қабл аз боздошташ ба Вена сафар карда будааст.

Рӯзи 31 декабр дар шаҳраки Нёрвених дар канори Кёлн бо иттиҳоми даст доштан дар омодагиҳо ба анҷоми ҳамлаи террористӣ 4 нафар – як ҷавони 25-сола аз Тоҷикистон, 2 зодаи Ӯзбекистон ва як шаҳрванди турктабори Олмон дастгир шуданд. Пулис се нафари онҳоро баъди Соли нав ҷавоб дод, вале ҷавони тоҷикро феълан барои 14 рӯз ба ҳабс гирифтааст.

Матбуоти Олмон ҳамчунин хабар дод, ки бо айни иттиҳоми даст доштан дар нақшаи ҳамла ба калисони қадимаи Кёлн боз 3 зодаи собиқ СССР дастгир шудаанд: шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон бо ҳамсараш ва як марди 47-солаи зодаи Чеченистон.

Журналистони немис дар пайи ин сели боздоштҳо суолеро матраҳ мекунанд, ки ин қадар ҷангҷӯи исломгарои зодаи Тоҷикистон дар Олмон аз куҷо ва чӣ гуна пайдо шуд?

Рӯзномаи “Bild” бо такя ба манобеаш дар мақомоти амниятӣ ва пулиси Олмон хабар дод, ки аксари ин ифротгароёни зодаи Тоҷикистон дар ҷомаи гурезаҳои ҷанги Украина ба Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо омадаанд.

Бино ба маълумоти дарёфтии “Bild”, ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ барои вуруд ба Олмону кишварҳои дигари Аврупо аз санадҳои қалбакие, ки дар Украина дарёфт кардаанд, истифода бурда, дар инҷо бо шикоят аз ин ки дар кишварҳои худ таҳти фишору таъқиб қарор доранд, хеле ба осонӣ ва бидуни пурсуҷӯи зиёд ҳаққи будубош пайдо мекунанд.

Ин фарзияро аввалин шуда пойгоҳи хабарии “Бомдод” матраҳ карда буд. Як манбаи “Бомдод” дар Олмон нақл карда буд, ки баъди торумор шудани ДОИШ дар Сурияву Ироқ, аксари ҷангҷӯёнаш рӯ ба фирор оварданд. Дар аввал як қисми онҳо ба Русия, ки дар вақташ аз ҳамин ҷо ба Ховари Миёна рафта буданд, баргаштанд. Вале мақомоти Русия дархости истирдоди афроди тазҳти ҷустуҷӯро қариб ҳеҷ гоҳ рад намекунанд. Ба хусус агар иттиҳомот марбут ба терроризму ифротгароӣ бошад.

Аз ин рӯ, баъди боздошту истирдоди нахустин ҳамсангаронашон дар Русия, ҷангҷӯёни фирории ДОИШ дар ҷустуҷӯи макони амнтар рӯ ба Украина оварданд. Аввалан ба ин далел, ки Украина бо кишварҳои собиқ Шӯравӣ виза ҷорӣ накардааст. Сониян, Киев қариб ҳеҷ гоҳ афроди таҳти ҷустуҷӯро ба ин кишварҳо таслим намекард.

Баъди онки моҳи феврали соли 2022 Русия ба Украина ҳамла кард ва кишварҳои Аврупо фавҷ фавҷ гурезаҳо аз Украинаро қабул карданд, бино ба нақли ҳамсуҳбати “Бомдод”, доишиҳои дар Украина паноҳбурда низ аз ин фурсат истифода бурда, худро ба Аврупо заданд ва тавонистанд ба осонӣ дар кишварҳои ин қора паноҳ бубаранд.

Қаблан ҳам дар бораи чанд мавриди бо иттиҳоми омодагӣ ба ҳамлаҳо аз номи ДОИШ дастгир шудани зодагони Тоҷикистон дар Аврупо хабарҳо ба даст мерасид, вале ин дафъа бори аввал дар канори мардон дастикам ду ҳамсари зодагони Тоҷикистон низ бо айни иттиҳоми даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ ба даст афтодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Авҷи нави исломофобия дар Аврупо гуяд:

    7-уми октябри соли 2023 чеҳраи дунёро тағйир дод ва башариятро ба ду гурӯҳ тақсим кард, ки банда дар гурӯҳи якум ҳастам:
    1)-ҳамдардию ҳамбастагӣ бо Фаластин,
    2)-маҳкумияти “Ҳамос” ва пуштибонӣ аз Исроил.
    Олмон ва кишварҳои дигари исломситез аз фурсати муносиб истифода бурда, рейдҳои “зиддитеррористӣ” роҳандозӣ мекунанд. Аммо, олмон ҷуръати боздошти туркҳо ё арабҳои халиҷиро надорад, ба тоҷику чечени заъиф худро саргардон мекунанд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button