ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОРИ ҲАВОШИНОСОН АЗ ХАТАРИ ФУРӮРЕЗИИ ТАРМАҲО ДАР ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  рӯзи 9 январи соли 2024 бо нашри як ҳушдор ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар расонд, ки тибқи пешбинии ҳавошиносон, дар рӯзҳои оянда низ дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, бахусус дар километҳои аз 48 то  74 хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.  

Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон хост, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро ба ин самт маҳдуд кунанд ва аз сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ варзанд.

Дар манотиқи тармазо амчунин анҷоми ҳар гуна корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва ғайра маслиҳат дода намешавад.

Сокинони минтақа бояд ҳангоми гарм кардани хонаҳои худ қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро риоя кунанд, фарзандони худро беназорат нагузоранд ва ҳамеша онҳоро ҳамроҳӣ кунанд. 

Кумита ба ронандагоне, ки ба ин самт қасди ҳаракат доранд, тавсия медиҳад, ки қабл аз сафар аввал аз манбаъҳои расмӣ, аз ҷумла КҲФ, ВКД, хадамоти роҳи вазорати нақлиёт дар бораи вазъи роҳҳо маълумоти дақиқ дарёфт карда, ба маълумоти ҳавошиносон дар мавриди боду борон диққат диҳанд.

Аз ронандагони мошинҳои боркаш хоҳиш карда мешавад, ки воситаҳои нақлиёти худро бо ҳама абзори зарурӣ, аз ҷумла занҷирҳо, бандҳо, фонусҳо ва ғайра таъмин кунанд, ҳолати системаи гармидиҳандаро санҷанд ва баъд озими сафар шаванд. 

Ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш Кумита аз ронандагон хоҳиш мекунанд, ки сураъати ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳистон боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд. 

КҲФ ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button