Ҳамлагари шуҳратёри ҳайъати тиллоии бошгоҳи шуҳратёри “Помир” (Душанбе” Вазген Манасян, ки таҳти рақами 10 ҳунарнамоӣ мекард ва ӯро “Устураи №10” меномиданд, дар синни 66 аз олам чашм пӯшид. Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 9 январи соли 2024 бо нашри хабари даргузашти ин собиқадори футболи тоҷик гуфт, “Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хонавода ва наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ баён мекунад”.
Вазген Манасян 18 марти соли 1958 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, футболбозиро дар кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон сар кардааст. Солҳои 1968—1970 дар мусобиқоти “Тӯби чармин” байни дастаҳои наврасон иштирок карда, баъди ин ба мактаби варзишии №5 дар назди варзишгоҳи “Спартак” омад. Нахустин мураббиёнаш дар инҷо Валерий Файзраҳмонов ва Валерий Корчеев буданд. Вазген Манасян аз соли 1975 то 1979 дар Донишкадаи варзиши Тоҷикистон таҳсил кард ва дар ҳайъати дастаи ин донишкада дар чемпионати Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекард. Дар тирамоҳи соли 1979 ӯро ба ҳайъати “Помир” (Душанбе), бошгоҳи асосии футболи Тоҷикистон, ки дар лигаи якуми чемпионати СССР ҳунарнамоӣ мекард, даъват карданд.
Ӯ аз соли 1980 то 1992 дар ҳайъати “Помир” ҳунарнамоӣ карда, алакай дар соли аввал дар 46 бозӣ 16 гол зад ва баъди Валерий Турсунов нишонзани рақами дуи “Помир” шуд. Соли 1986 бошад Вазген Манасян 27 гол зада, ҷоизаи “Бутсии нишонзан” — ҷоизаи нашрияи “Комсомолец Таджикистана” барои беҳтарин нишонзани лигаи якумро ба даст овард. Соли 1987 даар бозӣ бо “Ростселмаш” дар шаҳри Ростови лаби Дон Манасян годи садумаш дар лигаи якумро зад. Дар умум Вазген Манасян дар ҳайъати “Помир” 425 маротиба ба майдон баромада, 123 гол задааст ва дар баробари Валерий Турсунов ва Муҳсин Муҳаммадиев аз беҳтарин нишонзанҳои ҳайъати тиллоии “Помир” дониста мешавад.
Соли 1989 орзуи мухлисони тоҷик билохира бароварда шуд ва “Помир” ба лигаи олии чемпионати СССР роҳ ёфт. Манасян дар лигаи олӣ низ ба “Помир” кумак мекард, вале дар лигаи олӣ ҳамагӣ 3 гол зад.
Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Вазген Манасян аз Тоҷикистон рафт ва бо “Зенит” аз Санкт Петербург қарордод баст. Аммо чанд ҷароҳати паиҳам имкон надод, ки ӯ дар ҳайъати ин тим ҷои по биёбад. Манасян чанд соли дигар дар дастаҳои Украина бозӣ кард ва соли 1996 ба собиқаи футболбозии худ нуқта гузошт.
Аммо Тоҷикистонро ӯ ҳамеша ба некӣ ёд мекард ва соли 2013, вақте ки ҳамдастаи собиқаш Муҳсин Муҳаммадиев сармураббии тими миллии Тоҷикистон шуд, Манасян ба Ватан баргашт ва ба ҳайси ёвари мураббии тими миллии Тоҷикистон то соли 2015 кор кард.
Тоза як рӯз қабл аз даргузашти Вазген Манасян, шабакаи телевизионии “Варзиш ТВ” филми мустанадеро дар бораи ӯ бо номи “Достони №10” ба намоиш гузошт. Дар ин филм Манасян мегуфт: “Ман ба шумо видоъ намегӯям, ман боз бармегардам…”
Алвидоъ, Устураи №10!