ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ ДУЧАРХАРОНИ НОБОЛИҒРО ПАХШ КАРДАНИ “ХОНДА”, ДУЗДИИ 200 ҲАЗОР РУБЛ ВА 5 ДУЗДИИ ДИГАР

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 8 январи соли 2024

Пахши ду дучархарони ноболиғ ва ҳалокати яке аз онҳо дар ҷойи ҳодиса

03

Рӯзи 6-уми январи соли 2024, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хонда”, Гулов Манучеҳр Нуралиевич, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Норак, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази шаҳри Норак ба шоҳроҳи мошингарди шаҳри Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Туғмазор, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду дучархарони ноболиғ: Самиев Идрис Суҳробович, соли таваллудаш 2009, сокини шаҳри мазкур ва Ҳамидов Сафиаллоҳ Нурмаҳмадович, соли таваллудаш 2009, сокини ноҳияи Данғараро пахш намудааст.

Дар натиҷа, ноболиғ Ҳамидов С.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаааст ва ноболиғ Самиев И.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани якчанд ҳолати дуздӣ ва боздошти гумонбарон

143

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 4-уми январи соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон 200 ҳазор рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 5-уми декабри соли 2023, тахминан соати 08:30-дақиқа, шахсони номаълум аз назди роҳи зеризаминии кӯчаи Испечаки шаҳри Душанбе, 1-адад таҷҳизоти яхмосбарории «Фрейзер», ки арзишаш 16 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 43-солаи сокини шаҳри Ҳисор содир намудааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар шаҳри Норак аризаи марди 49-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки моҳҳои октябр ба ноябри соли 2023, шахсони номаълум аз чарогоҳи деҳаашон 2 сар чорвои майдаи шохдорро, ки арзишашон 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 35-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо аризаи марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 3-юми январи соли 2024, тахминан соатҳои 12:00 ба 14:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонааш даромада, аз онҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Нот-3” ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғони 13 ва 15-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Ҳамчунин, гумонбаршавандагон 5-уми январи соли 2024, тахминан соати 12:00 ба 14:00, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 31-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз онҷо 1-адад таҷҳизоти бозии “Сони-Плестейшн-5”, ки арзишаш 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 32, 28 ва 43-солаи сокинони шаҳри Душанбеву ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ки якеашон пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон моҳи сентябри соли 2022, ҳангоми дар ноҳияи Сино, кӯчаи Ҳувайдуллоев қарор доштанашон вориди корхонаи марди 50-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ шуда, аз онҷо 10-адад қолабҳои оҳанин (хиштрезак)-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button