АРАБИСТОНИ САУДӢ БАРОИ САФАРИ ҲАҶ БА ТОҶИКИСТОН ҚАРИБ 7 ҲАЗОР ҲИССА ҶУДО КАРДААСТ
Арабистони Саудӣ дар соли 2024 барои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҳаҷ қариб 7 ҳазор ҳисса (квота) ҷудо кардааст.
Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”, нашрияи расмии Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки рӯзи 8 январи соли 2024 раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар доираи сафари кориаш ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Ҷидда бо вазири Ҳаҷ ва Умраи он кишвар Тавфиқ ал-Рабиа мулоқот кардааст.
“Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи Ҳаҷ ва Умра мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳамзамон миёни ду ҷониб Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ташкили Ҳаҷҷи мавсими соли 2024-ум ба имзо расид. Зимнан, кишвари мизбони Ҳаҷ имсол тибқи тартиб ҳиссаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳудуди 7000 адад муайян намудааст”, – хабар додааст нашрияи Кумитаи дини Тоҷикистон.
Баъди фурӯ нишастани пандемияи коронавирус ва аз сар гирифта шудани сафари Ҳаҷ, тавре ба назар мерасад, таваҷҷуҳи сокинони Тоҷикистон барои сафар ба Маккаву Мадина хеле зиёд шудааст. Тайи як соли охир даҳҳо ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон барои Ҳаҷҷи Умра ба Арабистони Саудӣ сафар карданд. Мутаассифона, нархҳои ба сурати хеле беинсофона баланди ширкатҳои масъули ташкили Ҳаҷҷи Умра дар Тоҷикистон боис шуд, ки ҳазорон нафар аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз тариқи кишварҳои дигар, асосан тавассути Ӯзбекистону Русия, ба Ҳаҷҷи умра бираванд. Ширкатҳои Тоҷикистон баъди аз даст додани ҳазорон муштарӣ билохира маҷбур шуданд, ки нархҳои худро нисбатан пойин биоранд.
Маъмулан мақомоти Арабистони Саудӣ ҳиссаҳо ё квотаҳои Ҳаҷи фарзиро байни кишварҳо баробари 0,1 фоизи аҳолиашон тақсим мекунад. Аҳолии Тоҷикистон алакай ба 10 миллион нафар расидааст ва мебоист ҳисса ё квотааш барои Ҳаҷи фарзӣ ё асосӣ низ ба 10 ҳазор расонда шавад.
Аммо Арабистони Саудӣ чанд сол боз бо баҳонаҳои гуногун дархости боло бурдани ҳиссаи Тоҷикистонро сарфи назар мекунад.
Кишварҳои пешрафта, ки солҳо аз Тоҷикистон пешрафтатар ҳастанд, дунболи ҷалби ҳарчӣ бештари сармояи хориҷӣ ҳастанд, аммо мо дунболи 7-ҳазор квотаи ҳаҷ? Ҳадди ақал 5-ҳазор визаи корӣ ҳам дар канораш ҷалб кунед? То кай соҳибкорони ватанӣ “гул” мекунанд, як тоҷири саудиро ҳам “меҳмон” кунед, аз ҳимматаш истифода барем!
Ҳисса, квота, бурсия, виза, грин-карта, паспорт ва ғайра бояд мустақиман ба шаҳрванд ё довталаб дода шавад, на ба дасти ҳукумат, дасти ҳукумат фасод эҷод мекунад. Аз ин 7-ҳазор ҳисса чӣ “тиҷорате” ба роҳ монда хоҳад шуд? Шояд аввалин кишваре бошем, ки ҳатто дар кори хайр ҳам як қисме гуноҳ мекунад, қисми дигар савоб!
Ба ҷо овардани маносики ҳаҷ сутуни панҷуми дини мубини ислом ҳисоб мешавад ва барои касоне, ки тавони молӣ ва моддию маънавияшро доранд, фарз гардонида шудааст.
Лаббайкаллоҳума лабайк лабайка ло шарика лака лаббайк инна алҳамда ва алниъмата лака ва алмулка ло шарика лака, лаббайк!