15 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ КОМИЛ САИДОВ БАРОИ БАДРАФТОРӢ ДАР АВТОБУСИ №3

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 9 январи соли 2024 хабар дод, ки аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, барои вайрон намудани тартибот дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ шаҳрванд Саидов Комил Анварович, санаи таваллудаш 10.02.1979 дастгир карда шуд.
Дар навор дида мешуд, санаи 8-уми январи соли ҷорӣ, тақрибан соати 16:10 дақиқа ҳангоми дар дохили Автобуси хатсайри №3 қарор доштанаш, як марди зоҳиран сархуш бо алфози қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст.
Худи Саидов барои шарҳи қазия дастрас нест, вале милитсия мегӯяд, “зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда ҳамзамон дар ҳолати сархушӣ қарор дошта, бо ин амалу рафтори худ табъи дигар мусофиронро хира намуда, боиси норозигии шаҳрвандон гардидааст”.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбат ба дастгиршуда Саидов Комил тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми майдаавбошӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби додгоҳ нисбат ба вай ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд.
Нажодпарастӣ, қавмгароӣ, маҳаллапарастӣ ва ғайра роҳҳои ҷанги шаҳрвандиро ҳамвору боз мекунад, аз ин падидаҳои палид бояд дурӣ ҷуст, махсусан дар ин асре, ки мо зиндагӣ дорем, як ҳарфи ноҷо мисли барқ зуд пахш мешавад. Аз Ғарму Кӯлоб беш аз 200-ҳазор қурбонии ҳамин бадбинии маҳаллӣ дафн кардем. Номҳои ҷуғрофиро тағйир додан ҳам, ҳалли масъала нест, бояд дар барномаҳои телевизионии давлатӣ дарси инсоният намоиш дода шавад. 30-сол аст, ки “дарси сулҳ” меомӯзем, аммо вазъ ҳанӯз вазъи солҳои 90-уми асри гузашта…