ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

НАХУСТИН САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ЭРОН (4 АКС)

Маҷлиси миллӣ, маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 8 январи соли 2024 раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо як сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи болоӣ, дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба дунбол, хабаргузории давлатии “Ховар” бо нашри чанд акс хабар дод, ки  Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ вориди шаҳри Теҳрон —  пойтахти Эрон шуд ва дар фурудгоҳи “Меҳробод” ӯро намояндагони расмии Ҷумҳурии исломӣ истиқбол гирифтаанд.

Дар аксҳои нашркардаи “Ховар” дида мешавад, ки Рустами Эмомалӣ ба Теҳрон бо ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” сафар кардааст, на бо ҳавопаймои президентӣ, ки соли 2022 бо нархи беш аз 90 миллион доллар аз Мексика хариданд.

Ин нахустин сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Эрон аст.

Телеграм-канали Рустами Эмомалӣ хабар дод, ки ӯ дар Теҳрон бо раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ, парлумони Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф мулоқот кардаааст.

“Дар натиҷаи музокироти дуҷониба Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расид, ки ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар равона карда шудааст”,  – хабар дод Телеграм-канали Рустами Эмомалӣ.

Сафари Рустами Эмомалӣ ба Эрон дар пайи ҳамлаи пурқурбонӣ дар шаҳри Кирмони он кишвар сурат мегирад. Дар он ҳамлаи рӯзи 3 январ, ки ду маргталаб анҷом доданд ва масъулияташро созмони террористии ДОИШ ба дӯш гирифт, наздики 100 нафар кушта ва беш аз 280 тани дигар маҷруҳ шуданд. Ахиран вазорати иттилооти Эрон, ки умури амнияти Ҷумҳурии исломиро дар даст дорад, эълон кард, ки яке аз маргталабон шаҳрванди Тоҷикистон будааст.

Рустами Эмомалӣ рӯзи 4 январ дар робита ба ҳамлаи Кирмон ба раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ, парлумони Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф барқияи таслият ирсол карда буд, ки дар он чунин гуфта мешуд: “Дар робита бо ҳамлаи мудҳиши террористӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ дар шаҳри Кирмон ба Шумо ва кулли мардуми Эрон ҳамдардии амиқи худро баён менамоям. Ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон сабри ҷамил ва ба осебдидагон шифои оҷил хоҳонам”.

Рустами Эмомалӣ 36 сол дошта, писари калонии президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ аз моҳи январи соли 2017 шаҳрдори Душанбе, пойтахти Тоҷикистон буда, моҳи апрели соли 2020 раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумон интихоб шуд. Тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси миллӣ баъди президент расман раҳбари дуюми кишвар ба шумор меравад.

Рустами Эмомалиро як вориси эҳтимолии курсии президентии падараш мешуморанд. Чандин сол боз дар арши сиёсии Тоҷикистон аз нақшаи интиқоли қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба писари калониаш суҳбат мешавад, вале ҳар дафъа  амалӣ сохтани ин нақша ба далелҳои гуногун ва пеш аз ҳама ба сабаби ноомодагии худи президент Эмомалӣ Раҳмон барои рафтан ба нафақа ба таъхир гузошта мешавад.

Возможно, это изображение 2 человека и текст

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button