Чанд рӯз боз дар шаҳри Кӯлоб ва атрофи он хабари оташ гирифта, сӯхтани мошини хидматии раиси шуъбаи шаҳрии ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ба як мавзӯи вирди забонҳо табдил ёфта, овозаҳои мухталиферо ба вуҷуд овардааст. Бархе мегӯянд, иллати оташ гирифтани мошини тамғаи “Шкода” нуқси фаннӣ буд, бархе аз эҳтимоли барқасдона оташ задани мошини намояндаи ҳизби ҳоким суҳбат мекунанд.
Ин ҳодиса рӯзи 5 январи соли 2024 рух дода, худи Салим Сайвализода, раиси кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократӣ дар шаҳри Кӯлобро бо пои шикаста ба бемористон бурдаанд. Дар бемористони минтақавии Кӯлоб ба радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) гуфтаанд, пои рости Сайвализода шикаста буд, вале феълан саломатиаш хуб аст.
Як манбаъ аз мақомоти тафтишотии Кӯлоб ба ин расона гуфтааст, мақомот бояд муайян кунанд, ки мошини хидматии раиси ҳизби ҳокимро қасдан оташ задаанд ваё он ба иллати ягон нуқси фаннӣ оташ гирифтааст? Ба гуфтаи ӯ, мошини “Шкода”-ро ба ташхис фиристодаанд ва натиҷаи ташхисро мунтазиранд. Муфаттишон ҳамчунин аз соҳибони дӯконҳои наздик ба макони ҳодиса наворҳои сабткардаи дурбинҳои назоратиро талаб кардаанд.
“Ҳозир мошини “Шкода” дар додситонии шаҳри Кӯлоб нигоҳ дошта мешавад. Мошин аз қисмати пеш осеб дидааст. Тафтишот дар ин самт рафта истодааст ва дақиқ хоҳад шуд, ки чӣ ҳодиса рух додааст?” – гуфтааст ин манбаъ.
Ҷузъиёти дигари ҳодиса дастрас нест. Намояндагони ҳизби ҳоким др Кӯлоб ҳодисаро то ҳол шарҳ надодаанд.
Аммо ин бори аввал нест, ки мошинҳои мансабдорон дар минтақаи Кӯлоб оташ мегирад. Дар дасти кам як ҳолат мақомот қасдан оташ задани мошини мансабдорро тасдиқ кардаанд.
Шаби 26 ва 27-уми декабри соли 2023 мошини Бобоҷон Давлатзода, раиси шуъбаи “Амонатбонк” дар ноҳияи Восеъ оташ гирифт. Мақомот то ҳол сабаби онро шарҳ надодаанд, вале худи Давлатзода сабаби ҳодисаро мушкили техникии мошин гуфтааст.
Моҳи феврали 2023 мошини хижматии Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода, додситони вақти ноҳияи Восеъро дар назди манзилаш дар шаҳри Кӯлоб оташ заданд. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ин ҳодисаро “амали қасдгирӣ” номид. Мақомот як сокини 50-солаи Кӯлобро бо иттиҳоми оташ задани мошини додситон боздошт карданд. Дар бораи ин ки тафтиши қазия то б куҷо расид ва оё он сокини Кӯлоб чӣ ҷазо гирифт?, дигар ягон хабар нашр нашудааст. Худи Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода бошад чор моҳ баъд аз ин ҳодиса аз вазифаи додситонии ноҳияи Восеъ барканор карда шуд.