ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРЗИ ЛИТВА БО ҶИПИ ДУЗДИИ ТАМҒАИ “МЕРСЕДЕС” БА ДАСТ АФТОД (АКС)
Хадамоти марзбонии Литва (VSAT) хабар дод, ки дар рӯзи иди Соли нав, яъне 31 декабри соли 2023, як шаҳрванди 40-солаи Тоҷикистон дар марзи Литва бо Беларус бо мошини ҷипи рангаш сафеди тамғаи гаронбаҳои “Mercedes-Benz GLE”, ки тоза як ҳафта қабл аз сӯи пулиси Олмон ҳамчун мошини дуздидашуда ба рӯйхатти сиёҳ илова гардида буд, ба даст афтодааст.
Бино ба гузориши марзбонони литвонӣ, рӯзи 31 декабр онҳо дар гузаргоҳи Райгардас санадҳои шаҳрванди Тоҷикикистонро, ки мехост бо мошини ҷипи рангаш сафеди сохти соли 2022 ва бо рақамҳои Олмон аз Литва ба Беларус биравад, тафтиш кардаанд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Литва ҳаққи иқомат доштааст, вале тафтиши маълумот дар бораи мошини ҷипи ӯ нишон дод, ки ин мошин аз 23 декабри соли 2023 аз ҷониби пулиси Олмон таҳти ҷустуҷӯ қарор дод шудааст.
Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми хариду фурӯши молҳои бо роҳи ҷиноӣ бадастомада тафтишот оғоз кардаанд. Қонунҳои Литва барои чунин аъмол ҳамчун ҷазо ҷаримаи ҳангуфт ё то 6 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунанд.
Мошини ҷипро аз дасти шаҳрванди Тоҷикистон гирифта, то замони муайян кардани сарнавишти баъдиаш дар қаламрави воҳиди сарҳадии Друскининкай маҳкам кардаанд. Ба эҳтимоли ғолиб, ҷипро ба соҳиби аслиаш дар Олмон бармегардонанд.
Ҷолиб он аст, ки шаҳрванди Тоҷикистонро низ баъди бозпурсӣ ҷавоб додаанд. Маълум нест, ки ӯ дидаю дониста ҷипи дуздиро харидааст ваё худаш ҳам қурбони фиреби мошиндуздон шудааст?
Литва як ҷумҳурии хурди собиқи Шӯравист дар минтақаи соҳили баҳри Балтика, ки алакай кайҳо узви ҳам Иттиҳоди Аврупо ва ҳам паймони ҳарбии НАТО шудааст. Литва дар солҳои охир ба як макони асосии интиқоли мошинҳо аз Аврупо ба кишварҳои собиқ СССР, аз ҷумла ба Тоҷикистон табдил ёфтааст. Тоҷирони мошин аз Тоҷикистон мошинҳои дар Аврупо харидаи худро дар Литва, асосан дар шаҳри Мариамполе ҷамъ меоранд ва аз ҳаминҷо бо вагонҳо, ё дар фураҳои мошинкаш ба Тоҷикистон мефиристанд ваё худашон саворӣ карда, ба Тоҷикистон мебаранд.
Дар солҳои охир матбуоти Ғарб, бештар расонаҳои Олмон, дар бораи аз Аврупо ба Тоҷикистон интиқол ёфтани даҳҳо мошини дуздӣ гузоришҳо нашр мекарданд. Вале вақтҳои охир тақрибан ягон хабари наве дар бораи ба Тоҷикистон бурдани мошинҳои дуздӣ ба даст нарасида буд.