СОКИНИ ЗАФАРОБОД ЯК НАФАРРО БАРОИ ПОЙМОЛ КАРДАНИ ГАНДУМЗОРАШ БО ТАБАР ЗАДААСТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз як муноқишаи хунин хабар дод, ки байни ду нафар дар ноҳияи Зафаробод дар заминаи як кори зоҳиран ночиз ба вуқӯъ пайвастааст.
Бино ба иттилои нашршуда, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 56-солаи сокини ноҳияи Зафаробод бо гумони таҳдиди одамкушӣ дастгир карда шуд.
Худи дастгиршуда ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи ВКД, гумонбаршаванда, 29-уми декабри соли 2023, тахминан соати 16:00, ҳангоми анҷом додани корҳои саҳроӣ дар заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи мазкур аз сабаби поймол кардани ниҳолҳои ғалладонааш бо марди 40-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон ҷанҷол намудааст. Сокини Зафаробод ҳангоми муноқиша бо табар як маротиба ба дасти рости ҷабрдида зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, таҳдиди куштан намудааст.
Нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бар асоси моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба сокини Зафаробод бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо барои таҳдиди одамкушӣ то 2 соли маҳдуд кардани озодӣ ё то 2 соли зиндон таҳдид мекунад.
Бино ба омори ВКД Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ 24 ҳодисаи одамкушӣ ва соли гузашта беш аз 50 куштор сабт шуда, ҳар сол даҳҳо мавриди қасди куштор ё таҳдиди куштан сабт мешавад. Омори ҷиноятҳои вазнин дар Тоҷикистон дар як соли охир ҳарчанд рӯ ба коҳиш овардаст, ҳамчунон нигаронкунанда боқӣ мемонад.