Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ СЕ НАФАР ДАР СЕ САДАМА ДАР ИСТАРАВШАНУ ДЕВАШТИЧ ВА БАЛХӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 3-5 январи соли 2024 дар се садама дар Истаравшану Деваштич ва Балхӣ се нафар: ду ронанда ва як пиёдагар ба ҳалокат расида, се мусофир ҷароҳат бардоштаанд. Дар як ҳолат ронанда маст будааст.

Аз ҷумла шаби шаби 3-уми январи соли 2024, санаи тахминан соати 23:20, ронандаи автомашинаи тамғаи «Ҳундай-Портер», Ортиқов Ҷамшед Бобоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Очилов Дилмурод Набиевич, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, Очилов Д.Н. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин шаби 4-уми январи соли 2024, тахминан соати 22:00, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Золи-Зарди ноҳияи Ҷ.Балхӣ ронандаи дучархаи “Скутер”, Бозоров Фармон Амонович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Қубодиён, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, аз уҳдаи идораи дучархааш набаромада, ба дохили канали обгузари деҳаи мазкур афтидааст. Дар натиҷа, худи ронанда Бозоров Ф.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, Мусофираш Эшонқулов Искандар Ҷалилович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Қубодиён, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳамин тавр, 5-уми январи соли 2024, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Додоев Маъруфҷон Мамараҷабович, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Истаравшан ба самти шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа, худи ронанда Додоев М.М., дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофиронаш: Исломзода Шӯҳратҷон Аҳмадӣ, соли таваллудаш 2002 ва Исмоилов Ҷамолиддин Исломович, соли таваллудаш 1990, сокинони шаҳри Истаравшан, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

ВКД гуфт, оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button