БА ЛАБҲОЯМ ЗАДАНД МУҲРИ ХАМӮШӢ… ТОРУМОРИ МАТБУОТИ МУСТАҚИЛ ДАР ТОҶИКИСТОН

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) дар гузориши солонааш, ки 4 январи соли 2024 нашр шуд, изҳор дошт, ки таъқиботи мақомот матбуоти мустақилро дар Тоҷикистон буғӣ кардааст.
Матни пурраи ин гузориш чунин аст:
ТАЪҚИБОТИ МАҚОМОТ МАТБУОТИ МУСТАҚИЛРО ДАР ТОҶИКИСТОН БУҒӢ КАРДААСТ
Дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҳатто биноҳои назарногирро бо портретҳои бузурги президент Эмомалӣ Раҳмон зиннат додаанд. Дар шиорҳову овезаҳо дар саросари кишвар иқтибосҳо аз суханрониҳои ӯро дарҷ кардаанд. Ин ҳама баёнгари дар дасти Эмомалӣ Раҳмон, ки ӯро расман “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” меноманд, мунсаҷим шудани ҳукумат пас аз пирӯзиаш дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997, дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравист.
Дар се даҳсолаи ҳукмронӣ ӯ худро ҳамчун ҳокими мутлақе ба намоиш гузошт, ки фикри мухолифро намепазирад.
Талошҳои Раҳмон барои дар дасти худ мутамарказ кардани назорати вазъ бастани даҳони мухолифини сиёсӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва садоҳои мустақилро дар бар мегиранд.
Агар 10 сол қабл муҳити матбуоти Тоҷикистон то андозае гуногунранг буд ва ба шарти ба матбуот ва оилаи бузурги ӯ нарасидани расонаҳои маҳаллӣ, бархе баҳсу танқидро иҷозат медод. Имрӯз бошад матбуоти Тоҷикистон дар бадтарин шароит аз замони даврони бераҳми ҷанги шаҳрвандӣ қарор дорад, – гуфтанд журналистон ба намояндаи Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ҳангоми сафари ӯ ба Тоҷикистон дар поёни соли гузашта ва аз тариқи мессенҷер.
Дар солҳои 2023 ва 2023 якбора 7 журналист ҳамчун интиқом барои фаъолиятҳои журналистиашон маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шуданд. Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид “истифодаи ошкоро аз қонунҳои зидди терроризм барои бастани садоҳои мунтақид” дар Тоҷиктистонро ба боди интиқод кашида, аз хабарҳо дар бораи истифодаи шиканҷа барои гирифтани эътирофи гуноҳ дар ин кишвар изҳори нигаронӣ кард.
Як нишонаи яқини фазои тарс, ки дар Тоҷикистон ҳоким шудааст, ин буд, ки аз беш аз 10 журналисту ҳомии озодии матбуот ва коршиносоне, ки бо намояндаи Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон вохӯрданд, танҳо ду нафараш ҳозир шуд, ки бо номи худ суҳбат кунад.
Бархе хулосаҳои калидие, ки Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон аз сафараш ба Тоҷикистон ҳосил кард, чунинанд:
“Шикасти матбуоти мустақили тоҷик”
То соли 2022 дар Тоҷикистон журналистонро ками дар кам зиндонӣ мекарданд.
Як журналисти маҳаллӣ ба Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфт: “Барои президент (Эмомалӣ Раҳмон) муҳим буд бигӯяд, ки мо ба журналистон намерасем”.
Ин вазъ баъди онки дар солҳои 2022 ва 2023 якбора 7 журналистро бо ҳукмҳои ба таври бесобиқа сангин ва бо иттиҳомоте, ки бисёриҳо онро ҳамчун интиқом барои корашон мешуморанд, равонаи зиндон карданд, тағйир ёфт. Чор нафари онҳо – Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминиӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Хуршед Фозилов – аз 7 то 7,5 сол зиндонӣ шуданд, Хушом Гулям – 8 сол гирифт, Далери Имомалӣ – 10 сол ва Улфатхоним Мамадшоева – 20 соли зиндон, ки бисёриҳо инро ҳамчун нуқтаи авҷи раванди чандин сол боз давомдори маҳдуд кардани матбуоти мустақил дар Тоҷикистон мешуморанд.

Абдумалик Қодиров, раҳбари созмони журналистии “Медиа Алянси Тоҷикистон” соли 2022-ро ҳамчун соли “торумори матбуоти мустақили тоҷик” қаламдод мекунад.
Ҳамсуҳбатони Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон танҳо ду расонаи мустақили умда боқӣ мондааст: хабаргузории хусусии “Азия-Плюс” ва Радиои Аврупои Озод /Радиои Озодӣ, ки қароргоҳши асосиаш дар Ҷумҳурии Чех буда, аз ҷониби Конгресси Амрико маблағгузорӣ мешавад.
Ҳардуи ин расона низ ба таъқибу таҳдидҳо рӯбарӯ шудааанд. Сомонаҳои онҳо аз ҷониби интернетрасонҳои маҳаллӣ қисман масдуд карда мешаванд. Ба ақидаи журналистони маҳаллӣ, ин кор бо амри махуфи мақомоти давлатӣ сурат мегирад, то ки мақомот шонаи худро аз масъулияти эҷоди мушкил дар кори сомонаҳо холӣ кунанд.
“Азия-Плюс” дар моҳи майи соли 2022 дар пайи таҳдиди мақомот ба пурра бастанаш маҷбур шуд, ки мавзӯъҳои худро маҳдуд кунад.
Ба гуфтаи манобеи мухталиф, бархе расонаҳои дигар ҳарчанд талош доранд, ки дар пасманзари таъқиботи мақомот мустақил бимонанд, вале аз мавзӯъҳои сиёсӣ ё комилан парҳез мекунанд ваё ба далели набуди маблағгузорӣ бо мушкил фаъолият доранд.
Таҳдиди андозбандӣ ва поидан аз паси фаъолияти журналистон аз дигар шаклҳои ба назар начандон намоёни фишор аст.
Як журналист гуфт: “Ин ҳама ба сурати ғайримустақим анҷом дода мешавад. Мақомот фишангҳои зиёде дар даст доранд. Онҳо метвонанд ба нашрияе, ки мушкили молиявӣ дорад, ишора кунанд, ки ба онҳо андози бузург ваё ба раҳбаронаш парвандаи ҷиноятӣ таҳдид мекунад ва беҳтар ин аст, ки фаъолияти худро бас кунанд”.
Чанде аз ҳамсуҳбатон гуфтанд, ки ҳар расона аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ “куратор” дорад ва ҳузури ӯ баёнгари он аст, ки аз паси расонаҳо мепоянд. Мақомот ҳамҷунин метавонанд да расонаҳо бо тафтиши андоз таҳдид кунанд ваё ба ширкатҳои реклама амр бидиҳанд, ки ба ин ё он расона реклама надиҳанд.
Баъди манъи фаъолият ҳизби асосии оппозитсионӣ дар соли 2015, расонаҳои мустақили калидӣ маҷбур шуданд, ки кори худро қатъ кунанд ва даҳҳо журналист тарки кишвар кунанд.
Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, қарори ҳукумат, ки чанде баъди ин қабул шуд, талаб мекунад, токи расонаҳои хабарӣ қабл аз сабти ном аз санҷиши мақомоти амнияти давлатӣ гузаранд. Ба гуфтаи Қаршибоев, аз ҳамон замон, “дигар тақрибан ягон расонаи мустақили нав дар сатҳи кишвар сабти ном нашудааст”.
Афзоиши тарс ва худсонсурӣ
Ба гуфтаи як журналисти тоҷик, соли 2022 ба шароити бе он ҳам риққатборе, ки матбуоти мустақили Тоҷикистон қарор дошт, таъсири “харобиовар” расонд. Чанде аз ҳамсуҳбатони Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон таъқиби журналистонро бо саркӯби бераҳмонаи эътирозҳо дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон дар моҳҳои май ва июни соли 2022 рабт медиҳанд. Билофосила қабл аз саркӯби эътирозшо мақомот журналист ва ҳомии ҳуқуқи 66-сола Улфатхоним Мамадшоеваро бо иттиҳоми ташкили бетартибиҳо дастгир карданд ва чанд рӯз баъхд дар телевизиони давлатӣ навореро намоиш доданд, ки бисёриҳо онро ба эътирофи гуноҳ маҷбур кардани Мамадшоева мешуморанд.
Чор журналисти ва Радиои Аврупои Озод /Радиои Озодӣ в шабакаи телевизионии он “Настоящее время” дар пайи гирифтани мусоҳиба аз Мамадшоева дар як рӯзи қабл аз боздошташ дучори ҳамла шуданд, мақомот ҳамчунин ба хабаргузории “Азия Плюс” таҳдид карданд, ки дар сурати идомаи инъикоси рӯйдодҳои Бадахшонро онро мебанданд. Ҳарчанд аксари дигар журналистони зиндонишуда масоили Бадахшонро пайгирӣ намекарданд, вале таҳлилгарон ба ҳамсуҳбатони Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфтнд, ки ҳадаф аз ҳабси онҳо як навъ чораи пешгирикунандаи мақомот нисбат ба матбуот дар пасманзари саркӯбҳо дар ин вилоят буд.
Дар умум, ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, соли 2022 фазои тарс ва сатҳи бе он ҳам бланди худсонсуриро дар байни журналистон боз ҳам болотар бурд.
“Мо намедонем, ки акнун навбати кист? Соли 2022 нафақат онҳоеро, ки зиндонӣ шуданд, балки ҳамаи моро маҷбур кард, ки хомӯширо ихтиёр кунем. Журналистон дигар метарсанд, чизе гӯянд”, – гуфт як журналист.
Чандин журналист ба Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфтанд, ки баъди ҳаводиси соли 2022, онҳо аз худсонсурии бештар кор мегиранд, чунки он ҳаводис “хатҳои сурх”, яъне рӯйхатти мавзӯъҳои мамнӯъ барои пайгирии журналистонро боз ҳам номуайянтар кард.
Яке аз таҳлилгарон дар ин бора гуфт: “Пеш содатар буд ҳама чиз, чунки хатти сурх мушаххас буд – худдорӣ аз баррасии мавзӯъҳои марбут ба президенту оилаи ӯ ва мансабдорони баландпояи давлатӣ, баъди соли 2015 бошад – бар илова, худдорӣ аз инъикоси хабарҳои марбут ба раҳбарони рондашудаи оппозитсия. Ҳоло ҳама чиз ғайри қобили пешбинӣ шудааст. Шумо метавонед ягон мавзӯъро безарар шуморед, вале шояд мақомот чунин нашуморанд. Ин ҳолатҳои ғайри қобили пешбинӣ ҳоло як масъалаи аз ҳама мушкилзо барои журналистика дар Тоҷикистон табдил ёфтааст”.
Ҳама ба ин фикри Абдумалик Қодиров мувофиқанд, ки шумори матлабҳоти танқидӣ дар матбуот “башиддат коҳиш ёфтааст” ва канорагирӣ аз баррасии мсоили сиёсати дохилӣ ва афзоиши таваҷҷуҳ ба мавзӯъҳои “безарар”, ба мисли фарҳангу варзиш ва бархе хабарҳои байналмилалӣ ба як тамоюли дар ҳоли афзоиш барои матбуоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Ба гуфтаи чанде аз ҳамсуҳбатони Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, бо ҷурми гӯё “узвият” дар созмонҳои мамнӯи сиёсӣ маҳкум ба зиндон кардани 5 нафар аз 7 журналисти дар солҳои 2022 ва 2023 зиндонишуда ба мақомот имкон дод, то ба журналистони мустақил тамғаи “ифротгаро” бизананд.
“Ҷомиа ба ин бовар мекунад ва намояндагони ҷоми бисёр вақт намехоҳанд, ки бо журналистон суҳбат кунанд. Ҳатто коршиносон ҳам торафт аз суҳбат бо матбуот парҳез мекунанд”, — гуфтааст як журналист.

Ҳаводиси соли 2022 шикофу ҷудоӣ байни журналистон, мақомот ва ҷомиаро бештар кард. Агар 10–15 сол пеш мақомот маҷбур буданд, ки матбуоти мустақилро ҳамчун “нозири ҷамъиятӣ” бипазиранд, ҳоло, ба гуфтаи як таҳлилгар, мансабдорон нисбат ба матбуот торафт ҳусни камтари ҳамкорӣ намоиш медиҳанд ва дархостҳои онҳо дар мавриди додани маълумотро рад ё сарфи назар мекунанд. Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, бо вуҷуди баҳсҳҳои ахири умедворкунанда байни мақомот ва аҳли матбуот дар бораи роҳҳои ҳалли ин мушкил, дастрасӣ ба маълумот ҳамчунон “як мушкили доғи журналистикаи тоҷик боқӣ мемонад”.
Коҳиши шумори донорҳои байналмилалӣ
Ба ақидаи Қаршибоев, “мушкилоти молиявӣ мушкили аз ҳама бузурги матбуоти тоҷик ба шумор меравад”. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатон, ба далели надоштани манбаъҳои дохилии маблағгузорӣ дар шароити бозори маҳдуди реклама, расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар тӯли солиён аз донорҳои байналмилалӣ вобаста буданд.
Вале дар солҳои охир, ба хусус баъди шурӯи ҷанги Русия ба зидди Украина, пуштибонии донорҳо аз журналистони мустақили тоҷик сахт коҳиш ёфт. “Ҳоло ҳамаи манобеъ ва таваҷҷуҳи Ғарб ба тарафи Украина равона шудааст”, — мегӯяд як таҳлилгар.
Бархе ба “хаста шудани донорҳо” низ иҳора мекунанд ва мегӯянд, созмонҳои кумакрасон таваҷҷуҳи худро ба Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла ба Тоҷикистон гум карданд, чунки, ба гуфтаи як журналист, “ягон беҳбудӣ намебинанд”. Як зарбаи бавижа сахт дар поёни соли 2022 аз Тоҷикистон рафтани Фонди Сорос шуд, ки дар гузашта як донори бузурги матбуот буд.
Бархе мегӯянд, мушкил на дар кам шудани маблағгузории донорҳост, балки дар нодуруст тақсим шудани ин кумакҳо ва ба ҷои матбуоти мустақил ва чораҳои хеле зарур барои ҳимоят аз матбуот ба лоиҳаҳои арзишашон машкук равона кардани ин маблағҳост. Яке аз сабабҳо ин аст, ки донорҳои байналмилалӣ медонанд, ки матбуот барои ҳукумати Тоҷикистон як мавзӯи дарднок аст ва ба таъбири Қаршибоев, донорҳо “метарсанд, ки дар сурати ба журналистика расондани кумаки воқеъ ва муассир муносибаташон бо мақомот вайрон мешавад”.
Пурсидашудагон мегӯянд, донорҳо низ шояд эҳсос карда бошанд, ки имкониятҳои онҳо беҳудуд нест, зеро тавонмандии Ғарб барои таъсиррасонӣ ба масоили ҳуқуқи инсон др кишваре, ки бо Русияву Хитой алоқаҳои қавӣ дорад, низ маҳдуд аст.
Яке аз таҳлилгарон ба Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфт: “Ҳукумати Тоҷикистон торафт бештар дарк карда истодааст, ки бидуни кадом паёмади ҷиддӣ метавонад даст ба ҳар кори бад бизанад”.
Ҷанг дар Украина ин тамоюлро тақвият додааст.
Ба гуфтаи як журналист, “агар пештар, то ин ихтилофи байни Русияву Ғарб, Тоҷикистон то ҳадде ба сӯи Ғарб чашм медӯхт, ҳоло онҳо фикр мекунанд, ки аз дасти Ғарб чӣ меояд?”
Дурнамои тираву тор
Бо вуҷуди муҳити то андозае озоди матбуоти ҳамагӣ як насл қабл, хеле теъдоди андаке аз журналистони тоҷике, ки бо Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон суҳбат карданд, ба дурнамои журналистикаи тоҷик дар ояндаи наздик ва миёнамуҳлат назари хушбинона доранд.
Бисёришҳо таъкид мекунанд, ки журналистони тоҷик баъди соли 2022 руҳан “торумор шуданд, шумори журналистоне, ки тарки кишвар ё тарки ин касб мекунанд, меафзояд ва баракс, насли ҷавон ба интихоби пешаи журналистӣ майлу рағбати чандоне нишон намедиҳад.
Ба гуфтаи як таҳлилгар, чунин матбуоти мустақили ба ҳошия ронда шуда ба нафъи ҳукумат аст ва “аз ин рӯ, гумон аст, ки вазъият беҳтар шавад”.Чанде аз ҳамсуҳбатони Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфтанд, пуштибонӣ аз берун дар шакли фишо ва маблағгузории бештар мақсадноки донҳои ғарбӣ ва байналмилалӣ аз омилҳои камшуморе буд, ки ба пешрафт ба самти мусбат ташвиқ мекард. Абдумалик Қодиров ва дигарон бар инанд, ки назорати шадид бар расонаҳои маъмулӣ журналистони мустақилро маҷбур мекунад, ки барои нашри гузоришҳояшон ҳарчӣ бештар ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва блогҳо рӯи биоранд ва ин ба навбати худ, ба он меорад, ки мақомот низ ба эҳтимоли ғолиб талош хоҳанд кард, то назорати худро бар ин гуна платформаҳо бештар кунанд.
Абдумалик Қодиров, раҳбари “Медиа Алянси Тоҷикистон” мегӯяд: “Рисолати худро ман дар ин мебинам, ки журналистикаи мустақилро ҳифз кунем. Наметавонам бигӯям, ки дар ҳолати хубе метавонем нигоҳаш бидорем вале журналистикаи мустақилро бояд ҳадди ақал то расидани давраҳои хубтар ҳифз кунем”.
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ба Дастгоҳи президент ва вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон низ тавассути почтаи электронӣ бо дархости шарҳи вазъи матбуот муроҷиат кард, вале ягон посух ба даст наовард.


“Тани белибос ба ҳоли остиндарида механдад!”
Матбуоти мустақил дар кулли дунё бӯғӣ шудааст. Алҳол дар Амрико ё Аврупо ба як сарбози исроилӣ фақат бигӯй, ки “абрӯят каҷ аст”, бубин чигуна (бо иттиҳоми антисемитизм) буғӣ хоҳӣ шуд?! Ба иззати нафси шахсе расидан, “буғӣ” дар пай хоҳад дошт. Нафси Путин дар қудрат мондан аст, бояд ин нафсро эҳтиром бигузорӣ, вагарна “иноагент” хоҳӣ шуд.