ЯК ҲАМЛАГАРИ МАРГТАЛАБ ДАР КИРМОНИ ЭРОН АЗ ТОҶИКИСТОН БУДААСТ

Вазорати иттилооти Эрон шоми 5 январи соли 2024 бо нашри як баёния эълон кард, ки яке аз ду ҳамлагари маргталаб, ки худро дар маросими ёдбуди генерал Қосим Сулаймонӣ дар шаҳри Кирмон тарконданд, шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Бар асари ин ҳамлаи рӯзи 3 январи соли 2024 др Кирмон ҳудуди 100 тан кушта ва беш аз 280 нафари дигар маҷруҳ шуданд.
Ин вазоратхона, ки умури амнияти ҷумҳурии исломиро дар даст дорад, исми ин зодаи Тоҷикистонро ошкор накардааст. Вазорати иттилоот ҳамчунин гуфтааст, шахсияти ҳамлагари дуюмро ҳанӯз мушаххас накардаанд. Вале то ба имрӯз мақомоти амниятии Эрон алакай дасти кам 11 нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар амалҳои террористӣ дар 6 вилояти Эрон шиносоӣ ва дастгир кардаанд.
Баёнияи вазорати иттилоот сооте баъд аз маросими намози ҷаноза ва дафни қурбониёни таркишҳои Кирмон нашр шуд. Дар баёния омадааст, ки “адами судури баёния то ин лаҳза ба далели кашфи таҷҳизоти инфиҷории омода дар маҳалли иқомати террористҳо буд, ки метавонист баёнгари эҳтимолии вуҷуд ва муроҷиаи авомили дигар барои интиқоли маводи инфиҷорӣ ва бакоргирӣ дар соири амокин бошад”.
Дар ҳамлаҳои Кирмон, ба гуфтаи пизишкон, 28 кӯдаку наврасони ноболиғ, аз ҷумла 5 кӯдаки муҳоҷирони афғон низ ҷони худро аз даст дода, дар умум рӯзи 3 январ бар асари таркишҳо дар ин қисмати Эрон 13 паноҳҷӯ аз Афғонистон ба ҳалокат расидаанд.
Рӯзи 4 январ гурӯҳи терористии ба ном “Давлати исломӣ” (ДОИШ) бо интишори баёнияе дар каналҳои марбут ба он дар шабакаи Телеграм масъулияти ҳар ду таркиш дар Кирмонро ба дӯш гирифта, ин ҳамлаҳоро “идомаи корзор ба зидди шиъаҳо” номид.
Таркишҳои Кирмон бо зери 100 куштааш хунинтарин ҳамла дар Эрон баъди инқилоби исломии соли 1979 дониста мешавад. Таркишҳо дар чаҳорумин солгарди кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи Сипоҳи Қудси Сипоҳи посдорон дар масири сӯи “Гулзори шуҳадои Кирмон”, маҳалли дафни Қосим Сулаймонӣ дар наздикии масҷиди “Соҳиб-уз-Замон”, ки дар роҳ ба “Гулзори шуҳадои Кирмон” ҷойгир шудааст, рух доданд. Таркиши аввал тақрибан 700 метр ва таркиши дуввум наздик ба 1 километр дуртар аз қабри Сулаймонӣ рух дод.
ДОИШ ба генерал Сулаймонӣ кинаи дерина дошт. Фармондеҳи сипоҳи Қудс як муҳраи муҳим дар сиёсати тавсиаталабиҳои Эрон дар Ховари Миёна ба шумор мерафт ва аз нафароне буд, ки дар ҳифзи режими президенти Сурия Башор Асад ва саркӯби нирӯҳои ДОИШ дар Сурияву Ироқ нақши калидӣ дошт. Аз ҷумла бовар меравад, ки маҳз генерал Сулаймонӣ дар вақташ президенти Русия Владимир Путинро барои мудохила дар буҳрони Сурия ва ирсоли нирӯ ба он кишвар мутақоид сохта буд. Нирӯҳои Русия низ дар Сурия ба ҳимоят аз режими Башор Асад меҷанганд.
Ба болои ин, қабл аз кушта шуданаш, Қосим Сулаймонӣ ба раҳбарии рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар бораи комилан тамом шудани кори ДОИШ дар Ховари Миёна ҳисобот дода буд.
Лозим ба гуфтан аст, ки дар гузашта низ шаҳрвандони Тоҷикистон ба даст доштан дар амалҳои террористӣ дар хоки Эрон айбдор шудаанд. Он ҳамлаҳо низ аз номи ДОИШ анҷом шуда буд
Аз ҷумла 26-уми октябри соли 2023 Комрони Субҳон, ки 23 сол дошт ва аз Ҳисори Тоҷикистон буду бо тахаллусҳои Ҳомиди Бадахшонӣ ва Абӯ Оиша дар байни ҷангҷӯён маъруф будааст, ба “Шоҳи Чароғ”, як мазори муқаддаси шиъаҳо дар шаҳри Шероз ворид шуда, ба сӯи зоирон тир кушод. Дар натиҷаи он ҳамла 13 нафар кушта ва 27 тан маҷрӯҳ шуданд. Комрони Субҳон ба даст афтод, вале чанд рӯз баъд бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористони Шероз фавтид.
Рӯзи 13 августи соли 2023 ДОИШ ба нишони интиқом ба судури ҳукми қатли шарикони Комрони Субҳон ба мазори Шоҳи Чароғ ҳамлаи дуюмро сурат дод, ки ду кушта ва 7 захмӣ ба ҷо гузошт. Бо ҷурми даст доштан дар ин ҳамла шаҳрванди Тоҷикистон Раҳматулло Наврӯзов алакай моҳи сентябри соли 2023 ба ду ҳукми қатл маҳкум шуд.
Раҳматулло Наврӯзов дар баёноташ ба додгоҳ гуфт, ки ӯ тавассути мессенҷер ба ДОИШ пайваста, лақаби “Салмон Асламёр”-ро ба худ гирифт ва афроди ДОИШ дастураш доданд, ки ба Туркия ва аз онҷо тавассути Эрону Покистон ба Афғонистон биравад. Наврӯзов дар Афғонистон дар як урдугоҳи ДОИШ машқи низомӣ гирифта, баъди анҷоми тамринҳо ба Эрон фиристода шуд. Ин зодаи Тоҷикистон тақрибан як моҳ дар манзиле дар наздикии мазори Шоҳи Чароғ зиндагӣ карда, дар ин муддат дигарбора бо афроди ДОИШ робита барқарор кард ва онҳо роҳнамоияш карданд, ки силоҳи барояш омодашударо дар куҷо пинҳон кардаанд ва онро чӣ гуна бигирад?
Наврузов ҳамчунин баёнот дод, ки ба ӯ амр дода буданд, ки рӯзи ҳамла бо худ ду бакляжка, яъне зарфи пур аз бензин бигирад, вале ӯ бо худ дар борхалтааш ҳамагӣ як зарфи якунимлитрии бензин дошт. Ба болои ин, ӯро ҳанӯз то замоне, ки қолинҳои мазори Шоҳи Чароғро бензин рехта, оташ бизанад, дастгир карданд.
Тафтишот гуфта буд,Раҳматулло Наврӯзов бо худ як автомат бо 8 магазини иборат аз 240 тир дошт, вале то лаҳзаи боздошташ тавонист, ки болои зоирон ҳамагӣ 11 тир холӣ кунад.






Ҷавонони тоҷикро ба шаҳри Қум бурда: донишҷӯ, ҷойи кор, пул, мошин, хона, издивоҷ, маргталаб!
Чунин ҷавонон аз Афғонистон, Покистон, Ҳиндӯстон, Бангладеш ва кишварҳои фақири африқоӣ дар Ирон кам нестанд. Вазорати иттилоот “балад” аст, чӣ кор кунад!!
دكتور حسن عبدالغفار خال محمدزاده