ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

СОКИНИ ҚИРҒИЗИСТОН, КИ ХУДРО “ХУДОИ НАВ” ЭЪЛОН КАРДА БУД, ХУДКУШӢ КАРДААСТ

Хадамоти иҷрои ҷазои Қирғизистон тасдиқ кард, ки Абдилдаев Арстанбек, маъруф бо номи “Арстан Алай”, ки худро “Худои нав” ва “Наҷотбахши инсоният” эълон карда буд, субҳи 5 январи соли 2024 дар маҳбаси №31 худкушӣ кардааст. Ҷасади ӯро субҳи ҷумъа, тақрибан соати 5:15 аз ҳалқаи дор берун кашидаанд.

Арстан Алайро, ки аз 13 декабри соли 2023 дар ҳабс қарор дошт, рӯзи 28 декабр  бо тавсияи табиби равоншинос аз СИЗО №1 ба маҳбаси №31 интиқол дода буданд. Табиб хулоса додааст, ки “Худои нав” гирифтори бемории рӯҳӣ ва галлютсинатсия (таваҳҳум) аст.

Бино ба иттилои Хадамоти иҷрои ҷазо, “дар маҳбаси №31 Арстан Алай аз дарди қалбу сар ва меъда, хастагӣ ва шунидани ҳар гуна садоҳо шикоят мекард. Ташхиси пешакӣ бемории ӯро ҳамчун “навъи номушаххаси бемории руҳӣ, бемории қалб ва бемории хатараш баланди фишори хун” муайян карда, ҷиҳати зарурати ташхиси комили вазъи саломатии ӯ хулоса дода буд. Субҳи 5 январ, тақрибан соати 4:52 Абдилдаев ба ошхонаи маҳбас даромад. Соати 5:15 ҷсади ӯро дар ҳолати овехта пайдо карданд. Ташхиси пешакии ҷасад дар бадани ӯ ягон ҷароҳати дигар пайдо накардааст. Барои муайян кардани иллати дақиқи марг, экспертизаи додгоҳию тиббӣ таъйин карда шуда, ин кор ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои додгоҳию тиббӣ дар Бишкек супурда шудааст”.

Ва аммо адвокати Арстан Алай Қайсин Абакиров изҳор дошт, ки “амалҳои ғайриқонунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додгоҳ сабаби худкушии ӯ шудааст”. Адвокат аз ҷумла аз он шикоят дорад, ки ӯро ҳатто дар бораи аз СИЗО ба маҳбас гузарондани нафари таҳти ҳимояташ хабардор накардаанд. Абакиров аз Додситонии кулли Қирғизистон хост, ки гунаҳкоронро ба ҷазо кашонад.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) моҳи гузашта хабар дод, ки дар чорчӯби тафтиши парвандаи барангехтани низоъи динӣ ва “бо мақсади андешидани чораҳои бетаъхир барои солим гардондани муҳити динӣ дар кишвар” зодаи вилояти Норин Абдилдаев Арстанбек Бейшеналиевич, соли таваллудаш 1968, маъруф бо номи “Арстан Алай” дастгир шудааст. Абдилдаев рӯзи 13 декабри соли 2023 ғайб зад ва танҳо баъди ду рӯз маълум шуд, ки ӯ аз сӯи маъмурони КДАМ дастгир шудааст.

Бино ба иттилоияи расмии КДАМ, сабаби кушодани парванда ба зидди ӯ китобҳояш ва ҳамчунин баёнияҳояш дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, ки дар онҳо аломатҳои даъват ба барангехтани низои динӣ ва байни динҳо ва ҷудо кардани шаҳрвандон аз нигоҳи мансубияти динӣ дида мешаванд.

“Ӯ худро “Худои нав”, “Наҷотбахш” мешуморад ва дину мазҳабу боварҳои дигарро боварҳои хурофотии ноқис, заиф ва беасос шумурда, ба онҳо баҳои манфӣ медиҳад “, –  таъкид шудааст дар иттилоияи КДАМ. Ин ниҳод ҳамчунин гуфтааст, ки аксари пайравони Арстан Алай духтарон буданд, ки таҳти таъсири ақидаҳои ӯ қарор гирифта, ақидаи худро иваз мекарданд, ки ин боиси низоъ ва ҷудоӣ дар дохили хонаводаҳо мегардид.

 “Дар айни замон, Арстан Алай духтаронеро, ки ӯро пайравӣ мекарданд, барои қонеъ сохтани нафси шаҳвонии худ истифод мебурд. Онҳоро бо манзил ва кумаки молиявӣ таъмин карда, ба сурати мунтазам барояшон мавъиза (мантра) мехонд ва дар ин мавъизаҳо бартарии худро бар динҳои дигар таъкид карда, иддао мекард, ки ягона “Худои нав” ӯст”, — гуфта мешавад дар иттилоияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.

Дан натиҷаи кофтукоб дар маҳалли зист ва макони мавъизаҳои Арстан Алай дар вилояти Суй шумораи зиёди китобу дафтарҳо, компютерҳо ва дигар васоили электронӣ ёфт ва мусодира шуд, дар пайи анҷоми чорабиниҳои тафтишотӣ Абдилдаев дар боздоштгоҳи Кумитаи амният ба ҳабс гирифта шудааст. Ба ӯ бар асоси моддаи 330 Кодекси ҷиноятии Қирғизистон барои барангехтани низоъи динӣ ҳамчун ҷазо аз ҷаримаи ҳангуфт то 7 соли зиндон таҳдид мекард.

Арстанбек Абдилдаев 55 сол дошт. Ӯ қаблан ду маротиба – дар интихоботҳои солҳои 2017 ва 2021 номзадиашро ба президентии Қирғизистон пешбарӣ карда буд, вале овози зиёд нагирифт.

Абдилдаев дар Қирғизистон бо баёнияҳои аҷибу ғарибаш ном баровардааст. Ӯ аз ҷумла худро Худои нав эълон карда, иддао дошт, ки маҳз ӯ  коронавирусро фиристодааст.

Абдилдаев соли 2019 дар мусоҳибааш бо нашрияи қирғизии Кnews.kg гуфта буд: “Худованд танҳо ба як инсон — Арстан Алай — қудрати кайҳонӣ ато кардааст ва аз ин рӯ, ман худро Худои нав мешуморам! Ман рисолатеро, ки ба ман аз осмон дода шудааст, иҷро мекунам. Аз ин рӯ, ҳама — журналистон, сиёсатмадорон, олимон, ҳокимон — бояд аз ман илми коинот ва барномаи наҷоти мардуми худро биомӯзанд”.  

Ӯ ҳамчунин дар он мусоҳиба иддао карда буд, ки гӯё “Путин  барои наҷот ва ҳимояти инсоният интихоб шудааст, чунки мардуми рус мардуми одил аст. Рисолати Амрико ҳимоят аз қонунҳои ҳифзи табиат аст. Хитой бояд нақши дасту пойро иҷро мекунад, яъне заҳмат мекашад ва маҳсулоти моддӣ меофарад”.

Абдилдаев ҳамчунин мегуфт, ки мехоҳад “инсониятро муттаҳид бисозад ва пеш бубарад” ва дар иҷрои ин рисолат, ба ақидаи вай, “қирғизҳо  бояд нақши асосиро иҷро кунанд, чунки аз боло маҳз ба қирғизҳо ҳаққи раҳнамоӣ дода шудааст, аммо на ба ҳама, балки ба афроди мунтахаб”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button