РАҶАБАЛӢ КОМИЛОВ, БАРОДАРИ ЯКЕ АЗ РАҲБАРОНИ ҲИЗБИ НАҲЗАТ ДАР ЗИНДОН ВАФОТ КАРД
Раҷабалӣ Комилов, бародари Ҷаннатуллоҳи Комил, раҳбари дафтари ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) дар Олмон, шаби 4 ба 5 январи соли 2024 дар синни 62 дар бемористони зиндон вафот кардааст. Дар ин бора ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” рӯзи 5 январ як манбаи мувассақ аз идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон хабар дод.
Мақомот ҳанӯз хабари марги Раҷабалӣ Комилов ва иллаи фавти ӯро расман ягон шарҳ надодаанд, вале ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт, ӯ дар маҳбаси “Якум Советский” адои ҳукм мекард, вале дар поёни моҳи сентябри соли 2023 аҳволаш бад шуд ва Раҷабалӣ Комиловро ба бемористони махсуси маҳбусон дар шаҳри Ваҳдат интиқол доданд. Ӯ беш аз 3 моҳ боз дар ин бемористон табобат мегирифт ва, ба гуфтаи манбаи “Бомдод”, аҳволаш чунон бад буд, ки вақтҳои охир ҳатто аз гап задан ҳам монда буд.
Раҷабалӣ Комилов соли 1961 дар Себистони ноҳияи Данғара ба дунё омада, 5 фарзанд дошт. Ӯ аз хонаводае буд, ки аксаран узв ё ҳаводори ҳизби наҳзат буданд ва барои ин дар солҳои 90, дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва сипас, баъди манъи дигарбораи фаъолияти ҲНИТ дар соли 2015 мавриди таъқиб қарор гирифтанд.
Раҷабалӣ Комилов соли 2018 дастгир ва 29 августи ҳамон сол бо ҳукми додгоҳ ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.Додгоҳ ӯро бар асоси моддаи машҳури 307 дар ҳамкорӣ бо созмони мамнӯъ гунаҳкор шинохт. Наздиконаш мегуфтанд, ки Раҷабалӣ Комилов дар замони фаъолияти қонунӣ доштани ҲНИТ, бо ин ҳизб ҳамкорӣ дошт, вале баъди манъи фаъолияти он на бо ҲНИТ ва на бо гуруҳҳо дигар ягон ҳамкорӣ надошт ва аз ҳар навъ фаъолияти сиёсиву оппозитсионӣ канор рафта буд.
Сомонаҳову саҳифаҳои наздик ба “фабрикаи ҷавоб” он вақтҳо 10 сол ҳукми Раҷабалӣ Комиловро ҳатто “хеле кам” номида, хабар дода буданд, ки ӯро гӯё барои кадом аъмолаш дар даврони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ҷазо додаанд. Аммо ҳеҷ кадоме аз ин расонаҳои “фабрикаи ҷавоб” ягон амали мушаххаси Раҷабалӣ Комилов дар солҳои ҷангро мисол оварда натавонист. Наздиконаш ҳар навъ иддао дар бораи иштироки ӯ дар ҷанги шаҳрвандиро рад мекарданд.
Ҷаннатуллоҳ Комил баъди манъи фаъолияти ҲНИТ дар соли 2015 ба Аврупо паноҳ овард ва чандин сол боз раҳбари дафтари ин ҳизб дар Олмон аст. Ӯ чандин бор шикоят карда буд, ки мақомоти Тоҷикистон бо талаби қатъи фаъолияташ ба хешовандонаш дар Тоҷикистон, аз ҷумла ба модараш ва бародаронаш фишор меоранд.
ҲНИТ, ки бузургтарин ташаккули сиёсии оппозитсияи тоҷик ба шумор мерафт ва бар асоси созишномаи сулҳи соли 1997 ҳаққи фаъолияти қонуниро ба даст оварда, дар парлумони Тоҷикистон ду курсӣ ҳам дошт, дар интихоботи моҳи марти соли 2015 ҳамагӣ якуним фоиз овоз гирифт ва моҳи сентябри ҳамон сол ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, айбдор шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ин далел фаъолияти ҳизби наҳзатро манъ онро ба ҳарду рӯйхатти сиёҳи созмонҳои ифротӣ ва террористӣ шомил кард.
Раҳбарони ҲНИТ, ки ҳоло асосан дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо амал мекунад, даст доштани ҳизб дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро рад мекунанд ва ин иттиҳомро танҳо баҳонаи мақомоти Душанбе барои аз саҳнаи сиёсӣ рӯфтани ҳизби аз ҳама бузурги мухолифи ҳукумати кунунӣ меноманд.