ҲАЛОКАТИ СУДЯИ СУДИ ПАНҶ ДАР ПАЙИ САДАМА
Судяи суди ноҳияи Панҷ Абдуллозода Аҳмадҷон Баҳрӣ дар пайи садамаи нақлиётӣ, ки рӯзи 20-уми декабри соли 2023 рух дод ва ӯ ҷароҳатҳои вазнин бардошт, шаби гузаштаи 4 ба 5 январи соли 2024 дар Беморхонаи марказии ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса тахминан соати 6-и бегоҳи 20 декабр дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар дар ҳудуди ноҳияи Хуросон ба вуқуъ пайвастааст.
Муовини сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммад Бердиев дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, маҷруҳ бо осеби кушодаи майнаи сар пас аз чил дақиқаи рух додани садама ба беморхона расонида шудааст.
– Ҷабрдидаҳо ду нафар буданд. Онҳоро аввал ба беморхонаи шаҳраки Уялии ноҳияи Хуросон бурда, баъдан ба Беморхонаи марказии ноҳияи мо интиқол доданд. Ҳамроҳи судя ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардошта буд, ӯро муоина карда, ҷавоб додем, аммо вазъи саломатии Абдуллозода бениҳоят бад буд. Хангоми садама сутунмӯрааш аз қисмати гардан шикаста буд. Марҳум то лаҳзаи фавт зери таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ қарор дошт, – гуфт табиб Бердиев М.
Марҳум Абдуллозода Аҳмадҷон 37 сол дошт. Ӯ қаблан дар суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ фаъолият кардааст
Бино ба иттилоъ, ҳини садама ҳамроҳ бо марҳум Абдуллозода А. котиби суди ноҳияи Панҷ Шералӣ Имоммирзоев ҳузур доштааст. Тамоси телефонии мо барои фаҳмидани ҷузъиёти садама бо котиб Имоммирзоев Ш. бенатиҷа буд. Ӯ ба зангҳои мо ҷавоб надод.
Мувофиқи маълумоти дастрасшуда аз манбаъи дигар, замони садамаи нақлиётӣ котиби суд Ш. Имоммирзоев пушти чамбарак ва судя Абдуллозода А. дар нишастгоҳи қафои худрав қарор доштаанд. Мошини онҳо, пас аз зарбаи сахт аз пушт, мувозинатро гум карда, чанд маротиба ба монеаҳои тарафи чапу рости роҳ бархӯрдааст. Маҷруҳонро ҳам гӯё ронандаи иштирокчии садама ба беморхона расонидааст.
Манбаъ: “Фараж”