ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ДОИШ МАСЪУЛИЯТИ ТАРКИШҲО ДАР МАРОСИМИ ЁДБУДИ ГЕНЕРАЛ СУЛАЙМОНИРО БА ДӮШ ГИРИФТ

Созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) масъулияти таркишҳои рӯзи 3 январи соли 2024 дар шаҳри Кирмони Эронро, ки ҳудуди 100 кушта ва беш аз 280 захмӣ ба ҷо гузошт ва хунинтарин ҳамла дар Эрон баъди инқилоби исломии соли 1979 дониста мешавад, ба дӯш гирифтааст. Дар баёнияе, ки рӯзи 4 январ дар як канали марбут ба ин созмони дар аксари кишварҳои дунё мамнӯъ дар шабакаи Телеграм нашр шуд, ДОИШ гуфт, ду маргталаб камарбандҳои пур аз маводи тарканда дар тан худро дар байни издиҳоми иштирокчиёни маросими ёдбуди фармондеҳи собиқи сипоҳи  Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон мунфаҷир кардаанд. Ин маросими ёдбуд рӯзи чоршанбе, 3 январ дар Кирмон, дар маҳалли дафни генерал Сулаймонӣ ба ёди солгарди чоруми кушта шудани ӯ дар ҳамлае дар Бағдод доир мешуд.

Сухангӯи Кохи Сафед Ҷон Кирбӣ гуфт, Амрико ба дурустии иддаои ДОИШ шак надорад.

Дар бораи шахсияти он ду маргталаб ҳанӯз иттилое нашр нашудааст. Дар ду ҳамлаи қаблии террористии ДОИШ дар қаламрави Эрон, ки ҳарду дар шаҳри Шероз, дар фосилаи 570 километр аз Кирмон, сурат гирифтанд, зодагони Тоҷикистон даст доштанд.

ДОИШ ба генерал Сулаймонӣ кинаи дерина дошт. Фармондеҳи сипоҳи Қудс як муҳраи муҳим дар сиёсати тавсиаталабиҳои Эрон дар Ховари Миёна ба шумор мерафт ва аз нафароне буд, ки дар ҳифзи режими президенти Сурия Башор Асад ва саркӯби нирӯҳои ДОИШ дар Сурияву Ироқ нақши калидӣ дошт. Аз ҷумла бовар меравад, ки маҳз генерал Сулаймонӣ дар вақташ президенти Русия Владимир Путинро барои мудохила дар буҳрони Сурия ва ирсоли нирӯ ба он кишвар мутақоид сохта буд. Нирӯҳои Русия низ дар Сурия ба ҳимоят аз режими Башор Асад меҷанганд.

Ба болои ин, қабл аз кушта шуданаш, Қосим Сулаймонӣ ба раҳбарии рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар бораи комилан тамом шудани кори ДОИШ дар Ховари Миёна ҳисобот дода буд.

Рӯзи 3-юми январи соли 2024 бар асари ду таркиш дар шаҳри Кирмони Эрон ҳудуди 100 нафар кушта ва 284 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Таркишҳо дар чаҳорумин солгарди кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи Сипоҳи Қудси Сипоҳи посдорон дар масири сӯи “Гулзори шуҳадои Кирмон”, маҳалли дафни Қосим Сулаймонӣ дар наздикии масҷиди “Соҳиб-уз-Замон”, ки дар роҳ ба “Гулзори шуҳадои Кирмон” ҷойгир шудааст, рух доданд. Таркиши аввал тақрибан 700 метр ва таркиши дуввум наздик ба 1 километр дуртар аз қабри Сулаймонӣ рух дод. Ҳусайн Ҷалолӣ, намояндаи Рафсанҷон дар парлумони Эрон  ҳамон рӯзи аввал гуфта буд, ки “инфиҷорҳои Кирмон интиҳорӣ (яъне маргталабона) ҳастанд”.

Дар Эрон ба ёди қурбониёни ҳамлаҳои Кирмон мотами  миллӣ эълон шуд. Муҳаммад Мухбир, ноиби аввали раисиҷумҳури Эрон дар Кирмон тааҳҳуд супурд, ки “сарбозони Сипоҳ ба омилони ин ҳамла посухи муҳкам хоҳанд дод”.

Шаҳри Кирмон, ки 500 ҳазор аҳолӣ дошта, маркази маъмурии устони Кирмон аст, дар қисмати марказии Эрон дар масофаи наздики 1000-километрии ҷанубушарқи пойтахти ин кишвар, шаҳри Теҳрон, 570-километрии шарқи Шероз ва 500-километрии шимоли БандарАббос ҷойгир шудааст.

“Давлати исломӣ” (ДОИШ, яъне “Давлати исломии Ироқу Шом”) як созмони тундрави мазҳабист, ки дар Ховари Миёна зуҳур карда, дар солҳои 2013-2014 қисматҳои бузурге аз қаламравҳои Сурия ва Ироқро ишғол кард ва дар ин сарзаминҳо эълони таъсиси “хилофат” кард. Он айём ҳазорон нафар, аз ҷумла ҳудуди 2 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон, ба Ховари Миёна рафта, ба саффи ин созмони  тундрав пайвастанд. ДОИШ тақрибан дар солҳои 2017-2018 бисёре аз ин сарзаминҳои ишғолкардаашро аз даст дод ва садҳо тан аз ҷангҷӯёнаш куштаву дастгир шуданд. Дар байни асирон, бино ба ҳисобҳо, беш аз 400 нафар аз занону фарзандони ҷангҷӯёни тоҷики ДОИШ низ ҳастанд, ки мақомоти Тоҷикистон то имрӯз тавонистаанд беш аз 200 кӯдак ва чанд занро аз зиндонҳои Сурия ва Ироқ ба Ватан баргардонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button