ВидеоСиёсат

АВВАЛИН ТАҒЙИРОТИ КАДРИИ СОЛИ 2024: ТАЪЙИНИ ДУ МУОВИНИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 январи соли 2024 бо имзои як фармон ва ду қарори ҳукумат нахустин тағйироти кадрӣ дар ҳукуматаш дар соли ҷориро ба амал баровард.

Бо фармони президент аз 5 январи соли 2024 Исматулло Насреддин “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз мақоми сафари Тоҷикистон дар Покистон ва Бангладеш озод карда шуда, билофосила бо қарори ҳукумат муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин карда шуд. Ин вазифа аз замони ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Эрон таъйини шудани Низомиддин Зоҳидӣ холӣ буд.

Исматулло Насреддин, писари як узви дар гузашта баландпояи ҳукумати Тоҷикистон Ҳикматулло Насриддинов, қабл аз Исломобод дар Вена, пойтахти Австрия ҳам масъулияти сафирӣ дар Австияву Италия ва Венгрия (Маҷористон) ва Словакияро бар дӯш дошт ва ҳам масъулияти намояндагии Тоҷикистон дар САҲА (Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо) ва дигар созмонҳои байналмилалии мустақар дар пойтахти Австрияро.

 Бо қарори дигари ҳукумат аз 5 январ Шарифзода Фаррух Ҳомиддин низ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Фаррух Шарифзода, ки писари собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Ҳумдин Шарипов аст, дар гузашта сафири Тоҷикистон дар Туркия ва аз соли 2017 то моҳи майи соли 2023 сафири Тоҷикистон дар Туркманистон буд. Ӯро дар Ишқобод соли гузашта Вафо Ниятбекзода, сухангӯи собиқи вазорати хориҷа иваз кард.

Ҳанӯз маълум нест, ки Исматулло Насредддинро дар Исломобод кӣ иваз хоҳад кард?

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон идораи масъули амалӣ сохтани сиёсати хориҷии ин кишвар буда, аз соли 2013 раҳбариашро Сироҷиддин Муҳриддин бар уҳда дорад. Ду муовини дигари ӯ  Фарҳод Салим, писари Абдулмаҷид Достиев, собиқ муовини аввали раиси парлумон ва сафири собиқи Тоҷикистон дар Русия, ва Содиқ Имомӣ, фарзанди Ашӯрбой Имомов, раиси собиқи Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон мебошанд.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва
Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии
Исломии Покистон озод намудани Насредин Исматулло

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Насредин Исматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Бангладеш озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 январи соли 2024
№669

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 январи соли 2024 №2
ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми вазири корҳои хориҷии
Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Насредин Исматулло

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Насредин Исматулло муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 5 январи соли 2024 №3
ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири корҳои хориҷии
Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Шарифзода Ф.Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шарифзода Фаррух Ҳомиддин муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button