ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ СОЛХӮРДАИ ТУРСУНЗОДА ЯКБОРА ЗЕРИ ЧАРХИ ДУ “ОПЕЛ” МОНДА, ҶОН ДОДААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 4 январи соли 2024

Ҳалокати ду нафар дар ҳодисаҳои нақлиётӣ

199

Шоми 2-юми январи соли 2024, тахминан соати 18:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ишев Икром Уралович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Ғайрати шаҳри Турсунзода, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Нуралиев Ҳайдарқул, соли таваллудаш 1952, сокини шаҳри Турсунзодаро зада пахш намудааст, ки номбурда ба замин афтидааст.

Дар ҳамин вақт боз автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Абдураҳмонов Тулқинҷон Ҳакимович, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри мазкур, ки ба ҳамин самт ҳаракат менамуд, пиёдагард Нуралиев Ҳайдарқулро пахш намуда, ба масофаи тахминан 4-5 метр кашида мебарад. Дар натиҷа, пиёдагард Нуралиев Ҳ. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Боз ҳам шоми 2-юми январи соли 2024, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Мерива”, Нуралиев Юнус Бобохӯҷаевич, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Душанбе, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Ваҳдати шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Юсупов Фатҳиддин Мусоевич, соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Левакантро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Юсупов Ф.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Барои маълумот: Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button