РАДДИЯИ ВКД БА ВИДЕОИ ҶАНҶОЛИ МИЛИСАҲО БО ПУФАКФУРӮШ ЗАРАНГЕЗ ҶАЛОЛОВА
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 4 январи соли 2024 хабар дод, ки навори видеоии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолова Зарангез Шамсуллоҷоновна, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, кӯчаи Афзалӣ, ки тавассути шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» пахш гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз мушоҳидаи навори видеоии мазкур бармеояд, ки шаҳрванд Ҷалолова З.Ш. дар назди театри опера ва балети бо номи С.Айнӣ дар маркази шаҳри Душанбе ба фурӯши пуфак машғул будааст ва гӯё нозирони минтақавии милитсия ба тиҷорати шаҳрванд Ҷалолова З.Ш. мамониат эҷод намуда, муносибати дағалона зоҳир кардаанд.
ВКД гуфт,ин ҷавонзан соли 2016 дар назди театри опера ва балет пуфакфурӯшӣ мекард ва наворе, ки Зарангез Ҷалолова дар он аз рафтори кормандони милитсия арзу шикоят намудааст, ҳанӯз солҳои 2017 паҳн шуда буд ва аз тарафи шахсони алоҳида ҳар сол дар арафаи Соли нав бознашр мешавад.
“Бояд тазаккур дод, ки дар давоми солҳои қайдгардида Ҷалолова Зарангез Шамсуллоҷоновна ғайриқонунӣ ба харидуфурӯш машғул гардида, ҳамчунин ба авбошӣ даст зада, аз рӯи ташхиси тиббӣ ба касалии рӯҳӣ гирифтор мебошад”, – таъкид шудааст дар раддияи ВКД.
Худи Зарангез Ҷалолова барои шарҳи мустақими қазия дастрас нест, вале ВКД мегӯяд, зимни гузаронидани санҷиши хизматӣ муайян карда шуд, ки нозирони минтақавии милитсия ҳангоми фаъолияти хизматӣ нисбати шаҳрванд Ҷалолова З.Ш. ягон чораи ғайриқонунӣ наандешидаанд.
“Инчунин Ҷалолова Зарангез Шамсуллоҷоновна 2 маротиба барои содир намудани ҷинояти авбошӣ, соли 2012-ум аз ҷониби ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо моддаи 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2013-ум бо моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шудааст”, – акидан таъкид кардааст маркази матбуоти ВКД дар раддияаш.
Аммо ВКД шарҳ надодааст, ки барои авбошӣ ва он ҳам чанд сол пеш аз ҷанҷолаш бо милисаҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани Зарангез Ҷалолова ба шикояти ӯ аз рафтори кормандони милитсия чӣ рабт дорад?
Дар Тоҷикистон сокинон, бахусус онҳое, ки ба савдои кӯчагӣ машғуланд, аз бадрафтории нозирони минтақавии милитсия ва дигар кормандони ВКД зиёд шикоят мекунанд.