ФАРМОНИ ПУТИН ДАР БОРАИ ДОДАНИ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ БА ЗАРХАРИДОНИ ХОРИҶИЕ, КИ АЗ ТАРАФИ РУСИЯ БА ЗИДДИ УКРАИНА МЕҶАНГАНД
Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 4 январи соли 2024 фармони №10 “Дар бораи ба шаҳрвандии ФР қабул кардани шаҳрвандони хориҷие,ки дар бораи хидмати ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбии ФР қарордод имзо кардаанд, ва аҳли оилаҳои онҳо”-ро имзо кард.
Тибқи ин фармон, зархаридони хориҷие, ки “дар давоми амалиёти махсуси ҳарбӣ” ба муҳлати на камтар аз як сол бо вазорати мудофиаи Русия ва сохторҳои дигар қарордод имзо кардаанд, метавонанд шаҳрвандии Русияро ба даст биоранд. Мақомоти Русия то ҳол сарсахтона ҷанги зидди Украинаро на ҷанг, балки “амалиёти махсуси ҳарбӣ” ном мебаранд.
Бар асоси фармони Путин, шаҳрвандии Русия нафақат ба худи зархаридон, балки ба аъзои хонаводаҳои онҳо: зану фарзандон ва падару модарашон низ дода мешавад.
Зархаридони хориҷӣ метавонанд баъди анҷоми қарордоди хидмати ҳарбиашон, ваё дар сурати тарки хидмат кардан “ба далели саломатӣ” ё расидан ба синни ниҳоии хидмати ҳарбӣ барои гирифтани шаҳрвандии Русия ариза бидиҳанд. Ба онҳо имкон дода шудааст, ки дар ҳар минтақаи Русия, ки худашон интихоб мекунанд, барои гирифтани шаҳрвандӣ ариза бидиҳанд.
Ин алакай дуюмин фармони Путин дар соли ҷорист, ки ба зархаридони хориҷие, ки ба зидди Украина меҷанганд, барои дарёфти шаҳрвандии Русия имтиёз медиҳад. Дар фармони қаблии Путин аз моҳи майи соли 2023, барои баррасии аризаи шаҳрвандии зархаридони хориҷӣ 3 моҳ фурсат дода мешуд, вале ҳоло мақомоти ВКД чунин аризаҳоро бояд дар як моҳ баррасӣ кунанд.
Ҳамин тавр агар қаблан муҳлати қарордоди ҳадди ақал 5 сол буд ва барои дарёфти шаҳрвандӣ як хориҷӣ бояд камаш 3 сол дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия хидмат мекард. Тибқи фармони нави Путин, хориҷиҳо алакай баъди як соли хидмат метавонанд барои дарёфти шаҳрвандии Русия ариза бидиҳанд.
Ин фармон дар ҳоле имзо шуд, ки нирӯҳои Русия дар ҷанги зидди Украина ба талафоти ҷиддӣ чӣ аз лиҳози нирӯи инсонӣ ва чӣ аз лиҳоҳи техникаву аслиҳа дучор шудаанд ва мақомоти Русия ба таври фаъолона талош доранд, ки камбуди шадиди нирӯро дар Украина аз ҳисоби муҳоҷирон ва онҳое, ки тоза шаҳрванди Русия шудаанд, пур кунанд.
Дар вақтҳои охир дар маконҳои таҷаммӯи муҳоҷирон, аз ҷумла дар бозорҳо, базаҳои савдо, сохтмонҳо, масҷидҳо ва дар тарабхонаҳои ғизоҳои миллӣ дар саросари Русия рейдҳои пулис афзоиш ёфтааст. Дар ҷараёни ин рейдҳо онҳоеро, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, вале худро дар комиссариатҳои ҳарбӣ дар қайд нагузоштаанд, ошкор карда, ба дасташон даъватнома медиҳанд, то ба комиссариати ҳарбии маҳалли зисти худ ҳозир шаванд.
Ахиран даҳҳо нафарро барои ҳозир нашудан ба хидмати ҳарбӣ аз шаҳрвандии Русия ҳатто маҳрум карданд.
Эълонҳо бо даъват барои бастани қарордод бо вазорати мудофиаи Русия ҳоло дар ҳамаи марказҳое, ки муҳоҷирон патент мегиранду ва ҳуҷҷатҳои дигари худро дуруст мекунанд, пайдо шудаанд. Тавре аз ин эълонҳо бармеояд, ба муҳоҷирон дар ивази бастани қарордод ва рафтан ба ҷанги зидди Украина маоши баланд, имтиёзҳои фаровон ва дарёфти зуду осони шаҳрвандии Русияро ваъда медиҳанд. Барои аҳли оилаи онҳо низ имтиёзҳои ҳамсон бо дигар ҳарбиёни русро ваъда медиҳанд. Як ваъдаи дигар дар сурати дар ҷанг кушта ё захмӣ шудани сарбози қарордодӣ, пардохти ҷуброн ва ироаи имтиёзҳо ба оилаи ӯст.
Тайи қариб ду соли ҷанги Русияву Украина талафоти ҷонии ҳарду ҷониб, бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, аз 100 ҳазор нафар гузашта, беш аз ним миллион нафари дигар дар ин ҷанг захмӣ ё маъюб шудаанд. Дар байни кушташудагон дар Украина даҳҳо зодаи Тоҷикистон низ ҳаст, ки бархеаш шаҳрванди Русия буданд ва ба ҷанг фиристода шуданд, бархеи дигараш маҳбусони тоҷики зиндонҳои Русия, ки дар ивази ваъдаи озодии зудтар ба ҷанг рафтанд.
Ҳамин тавр, дар байни қурбониёни ҷанг дар Украина даҳҳо муҳоҷире низ ҳаст, ки бо ваъдаи маоши баланду имтиёзи фаровон ва дарёфти зуду осони шаҳрвандии Русия қарордод имзо карда, ба ҷанг рафта буданд.
Ҷаҳони пуртаноқуз: Яке одамкӯшро ‘террорист’ меномад, дигаре одамкӯшро ‘шаҳрвандӣ’ медиҳад, севвумӣ одамкӯшро ‘дифоъ аз ҷони худ’ меномад. Додгоҳи байналмиллаии “Гаага” даҳонаш (ба қавли тоҷикон) “воз” нигоҳ дорад!
Шеъри Саъдӣ Шерозӣ дар таҳрири нав:
Бани одам хунхори якдигаранд,
Ки дар қатлу куштор мисли #аранд.
Чу адле ба лаҳн оварад сӯздор,
Дигар адлхоҳон низ гарданд ‘террор’
Ту ки аз куштани дигарон боғамӣ,
Сукут ихтиёр кун, агар одамӣ!