БАР АСАРИ ТАРКИШҲО ДАР ШАҲРИ КИРМОНИ ЭРОН БЕШ АЗ 100 КАС КУШТА ШУДАНД (ВИДЕО)

Рӯзи 3-юми январи соли 2024 бар асари ду таркиш дар шаҳри Кирмони Эрон дастикам 103 нафар кушта ва 211 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар ин бораи пойгоҳи хабарии “Тасним”, ки наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аст, хабар додааст. Аммо “Тасним” дар айни замон хабарҳо дар бораи кушта шудани фармондеҳони аршади Сипоҳи посдоронро беасос номидааст.
Расонаҳои хабарӣ гузориш додаанд, ки таркишҳо дар чаҳорумин солгарди кушта шудани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи Сипоҳи Қудси Сипоҳи посдорон дар масири сӯи “Гулзори шуҳадои Кирмон”, маҳалли дафни Қосим Сулаймонӣ ба вуқуъ пайвастааст.
То ба ҳол ба кадом шакл таркишҳо ба вуқуъ пайвастаанд?, маълумоти мушаххасе дастраси расонаҳо нашудааст. Шаҳрдори Кирмон гуфтааст, ки “инфиҷорҳо тавассути копсулҳои газӣ (балони газ) анҷом дода шудааст”. Аммо Ҳусайн Ҷалолӣ, намояндаи Рафсанҷон дар маҷлиси Эрон таъкид кардааст, ки “инфиҷорҳои Кирмон интиҳорӣ (яъне ҳастанд”.
Баъзе манобеъ гуфтаанд, ки инфиҷорҳо тавассути қуттиҳои партоб ва ҳатто бомбгузории мошинҳои сабукрав сурт гирифтаанд.
Хабаргузории “Тасним” навиштааст, ки дар даромадгоҳи “Гулзори шуҳадои Кирмон” ду халта пештар аз тарафи шахсони номаълум бомбгузорӣ шуда, ба назар мерасад, тарроҳон бомбҳоро аз масофаи дур бо истифода аз дастгоҳи махсус ба кор даровардаанд.
Бино ба гуфтаи масъулони Ҷумҳурии исломии Эрон, таркиши якум соати сеи пас аз зуҳр ба вуқуъ пайвастааст. Вале замоне мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва имдодгарон ба маҳалли ҳодиса мерасанд, инфиҷори дуввум соати 3:20 рух медиҳад, ки куштаю маҷрӯҳи бештар ба ҷой мегузорад.
Пас аз таркиши дуввум нерӯҳои амниятии Эрон аз мардум хостаанд, ки ҳарчи зудтар маҳалли баргузории маросимро тарк кунанд.
Бино ба гузоришҳо ин инфиҷорҳо дар наздикии масҷиди “Соҳиб-уз-Замон”, ки дар роҳ ба “Гулзори шуҳадои Кирмон” ҷойгир шудааст, рух додааст. Таркиши аввал тақрибан 700 метр ва таркиши дуввум наздик ба 1 километр дуртар аз мақбараи Қосим Сулаймонӣ рух додааст.
Дар Кирмон 3 рӯзи ояндаро рӯзҳои мотам эълон кардаанд.
Шаҳри Кирмон, ки 500 ҳазор аҳолӣ дошта, маркази маъмурии устони Кирмон аст, дар қисмати марказии Эрон дар масофаи наздики 1000-километрии ҷанубушарқи пойтахти ин кишвар, шаҳри Теҳрон, 570-километрии шарқи Шероз ва 500-километрии шимоли БандарАббос ҷойгир шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки
Қосим Сулаймонӣ низ чор сол қабл маҳз дар санаи 3-юми январ дар Ироқ тавассути ҳамлаи дрон кушта шуда буд. Дар ҷараёни маросими дафни Сулаймонӣ издиҳоми зиёде гирд омада буд ва дар натиҷаи талотумҳо 56 нафар ҷони худро аз даст дода, 213 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта буданд.
Қосим Сулаймонӣ як муҳраи муҳим дар сиёсати тавсиаталабиҳои Эрон дар Ховари Миёна ба шумор мерафт. Бовар меравад, ки маҳз Сулаймонӣ дар вақташ президенти Русия Владимир Путинро барои мудохила дар буҳрони Сурия ва ирсоли нирӯ ба он кишвар мутақоид сохта буд.


