Шаҳрдории Истаравшан хабар дод, ки як мушкили 126 оилаи муҳоҷирони экологии ҳанӯз соли 2001 аз деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ ба Истаравшан кӯчонидашуда билохира баъди 22 сол ҳалли худро ёфт.
Дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан хабар дод, ки нимаи дуюми 31 декабри соли 2023 шаҳрдори Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба шаҳраки Ваҳдати ҷамоати деҳоти “Гули сурх” ташриф оварда, бо сокинони ин шаҳрак мулоқот кардааст.
Адҳам Маъмурзода дар оғоз бо сокинон дар бораи нуктаҳои муҳими паёми солонаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбат карда, дар идома, вобаста ба муроҷиати дастаҷамъонаи сокинони шаҳраки Ваҳдат, ки ҳамчун муҳоҷирони экологӣ аз деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ шурӯъ аз соли 2001 дар ин шаҳрак истиқомат доранд, масъалаи ҳуҷҷатгузории хонаҳои истиқоматии онҳоро дар ҳузури худи сокинон мавриди баррасӣ қарор дод.
“Дар асоси талаботи қонунгузорӣ раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода қарори дахлдорро имзо карда, ба 126 оила дар арафаи соли нав ордери манзили истиқоматиро ҳадя намуд. Бо ҳамин, муаммои ҳуҷҷатгузории хонаҳои сокинон, ки тӯли 22 сол идома дошт, ҳал гардида, қарори қабулнамудаи раиси шаҳри Истаравшан минбаъд барои хусусигардонии хонаҳо заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард”, – хабар додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан.
Деҳаи Вашан деҳаест дар кӯҳистони ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ, ки дар соҳили рӯди Вашан, яке аз шохобҳои дарёи Зарафшон, дар фосилаи 31 километр аз маркази ноҳия ва 8 километр аз маркази ҷамоати Урметан ҷойгир шудааст. Маънои Вашан дар забони суғдӣ чарогоҳи сероб аст. Сокинони Вашан, ки шумораашон то 1500 нафар рақам зада мешавад, асосан ба кишоварзию чорводорӣ машғуланд ваё аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ зиндагии худро пеш мебаранд.
Соли 2000 ба сабаби баланд будани хатари фурӯ рафтани теппаҳои атрофи деҳаи Вашан, ҳукумати Тоҷикистон тақрибан 200 оиларо аз инҷо ба Истаравшан ва Деваштич кӯчонд.
Дар Истаравшан 126 оила аз Вашанро дар шаҳраки Ваҳдат, воқеъ дар тақрибан 25-километрии шаҳр ҷойгир карданд, вале маълум мешавад, хонаҳои онҳо 22 сол боз ҳуҷҷатгузорӣ нашудааст.