
Гуруҳи 24” аз баргузории ҷаласаи ҷамъбастии солона ва як силсила тағйироти кадрӣ дар раҳбарии ин ҳаракати оппозитсионии дар Тоҷикистон феълан мамнӯъ хабар дод.
Бино ба иттилоияи расмӣ, ҷаласаи ҷамъбастии “Гуруҳи 24” рӯзи 1 январи соли 2024 дар шаҳри Мёнхенгладбахи (Mönchengladbach) дар ғарби Олмон, дар наздикии марз бо кишварҳои Бенилюкс (Белгия, Ҳолланд ва Люксембург) баргузор шуда, бархе аз раҳбарону фаъолони “Гуруҳи 24” дар ин ҷаласа ба сурати ҳузурӣ ва бархеи дигар, аз ҷумла сухангӯи гуруҳ Убайдулло Саидӣ, ба сурати онлайнӣ аз тариқи видеотамос иштирок кардаанд.
Дар нишасти Мёнхенгладбах аз фаъолияти “Гуруҳи 24” дар соли 2023 натиҷагирӣ шуда, нақшаҳои он барои соли 2024 муайян карда шудаанд ва ҳамзамон дар сафҳои раҳбарии ин ҳаракати оппозитсионӣ як силсила тағйироти кадрӣ ба амал оварда шудааст.
Аз ҷумла бо қарори Шӯрои “Гуруҳи 24”
- Муҳаммадсобири Абдулқаҳҳор аз вазифаи намояндаи ҳаракат дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо;
- Дилшод Шарифов аз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракат;
- Рустам Раҳматзода аз вазифаи намояндаи “Гуруҳи 24” дар Олмон;
- Хурсанд Наҷмиддинов аз вазифаи намояндаи “Гуруҳи 24” дар Утриш (Австрия) озод карда шуданд.
Дар айни замон, бо қарори Шӯро
- Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор раиси Кумитаи иҷроияи “Гуруҳи 24”;
- Қурбоналӣ Орипов аввалин намояндаи расмии “Гуруҳи-24” дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико;
- Холназар Лоиқов намояндаи ҳаракат дар Олмон;
- Зафар Ғоибов намояндаи Ҳаракати сиёсии ” Гуруҳи 24″ дар Австрия таъин гардиданд.
Дар соли 2023 аз фаъолиятҳои “Гуруҳи 24” аз ҳама бештар иштирокаш дар эътирозҳои зидди сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар поёни моҳи сентябр буд, ки дар ҷараёни ин эътирозҳо ба фаъолони “Гуруҳи 24” муяссар шуд, ки корвони мошинҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар яке аз кӯчаҳои пойтахти Олмон тухмборон кунанд. Дар аксҳои нашршуда аз назди дафтари садри аъзами Олмон Олаф Шолтс дида мешуд, ки дастикам як тухм ба шишаи мошине, ки худи Эмомалӣ Раҳмон дар он ҳаракат мекард, расидааст.
Дар пайи ин ҳодиса мақомоти Тоҷикистон хешу табори қариб 50 тан аз фаъолони мухолифин, аз ҷумла наздикони фаъолон ва роҳбарони “Гуруҳи 24”-ро дастгир карда, бархеро чанд соат ва бархеро чанд рӯз пушти панҷара нигоҳ доштанд. Мақомот ҳамчунин сими барқи хонаи наздикони бархе аз иштирокчиёни эътирозҳои Берлин ва ҳамчунин сими барқи хонаи Оиша Мирзоева, модарандари раҳбари “Гуруҳи 24” Сӯҳроб Зафар ва хоҳари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев, маъруф бо лақаби “Ғаффор – Седой”-ро буриданд.
“Гуруҳи 24” аз ҷониби соҳибкор Умаралӣ Қувватов соли 2012, дар пайи фирори ӯ аз Тоҷикистон ва ба ғасби тиҷоратҳояш дар Тоҷикистон, аз ҷумла ба ғасби ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз” айбдор кардани Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои президенти Тоҷикистон ташкил шудааст.
Дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 “Гуруҳи 24” дар шаҳрҳои Русия бо ҷалби муҳоҷирони тоҷик силсилаи гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ба зидди ҳукумати Тоҷикистонро доир карда, ҳамаро ба гирдиҳамоии ниҳоӣ дар таърихи 10 октябри ҳамон сол дар майдони Дӯстӣ – майдони марказии шаҳри Душанбе даъват кард. Ин гирдиҳамоӣ дар Душанбе доир нашуд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон алакай рӯзи 9 октябри соли 2014 фаъолияти “Гуруҳи 24”-ро дар кишвар манъ ва баъди чанде ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард. Мақомот ин гуруҳро ба ифротгароӣ ва кӯшиши барандохтани ҳукумати кунунӣ бо роҳи зӯроварӣ айбдор мекунанд.
Асосгузори “Гуруҳи 24” Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истанбули Туркия дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд. Дар солҳои охир шумори зиёде аз аъзо ва тарафдорони “Гуруҳи 24” боздошт ва маҳкум ба зиндон шуданд ва қисми дигар ба кишварҳои Аврупо паноҳ оварданд. Ҳоло ин созмони оппозитсионӣ асосан дар Аврупо амал мекунад, вале раҳбари кунунии “Гуруҳи 24” Сӯҳроб Зафар дар Туркия қарор дорад.


Баҳои таърихии оппозитсияи тоҷикӣ:“Нишастанду гуфтанду бархостанд”!!!