СОКИНИ ШАҲРИТӮС ПОРАЕ АЗ ҶИГАРАШРО БА ҲАМСАРИ ХУД ДОД (ВИДЕО)

Муҳаммадӣ Лолахонов, сокини ноҳияи Шаҳритӯс порае аз ҷигари худро ба ҳамсараш додааст, то ӯ аз бемории сахт шифо биёбад.
Маркази матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон бо нашри як видео хабар дод, ки ҷарроҳии ҳамсари Лолахонов ахиран дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсонии ин вазорат анҷом дода шуд ва ҳоло ҳарду: ҳам шавҳар ва ҳам ҳамсари ӯ худро хуб ҳис мекунанд.
Муҳаммадӣ Лолахонов дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, ки ҳамсарашро хеле дӯст медорад ва мехоҳад, ки ӯ то синни 100 болои сари фарзандонашон солиму бардам дар паҳлуяш бошад.
Дар видеои нашршуда Муҳаммадӣ Лолахонов низ вазъи саломатии худаш ва ҳамсарашро баъди ҷарроҳӣ хуб номид. Ҳамсари ӯ, ки ҳарф задан барояш ҳанӯз мушкил аст, дар посух ба суоли хабарнигор дар бораи вазъи саломатиаш як ангушти худро бо ишораи “олӣ!” боло кард.
Сухангӯи вазорати тандурустӣ бо ситоиш аз амали ҷавонмардонаи Муҳаммадӣ Лолахонов гуфт, “дар ҳоле ки бархе оилаҳо имрӯз бо сабабҳои хеле ночиз пош мехӯранд, ин ҳодисаи нодир як намунаи олии меҳру муҳаббат ба шумор меравад”.
Дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсонии вазорати тандурустии Тоҷикистон инак чандин сол боз ҷарроҳии мураккабе, чун пайванд сохтани гурдаву ҷигарро анҷом медиҳанд, вале мавридҳое, ки шавҳар ҷигари худро ба ҳамсараш бидиҳад, хеле нодир аст.
Ин марказ соли 2018 гуфта буд, ки тақрибан 700 сокини Тоҷикистон ба пайванди ҷигар ниёз доранд, аммо пайдо кардани доноре, ки як пораи ҷигарашро бидиҳад, ба ҳама муяссар намешавад.