ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ КӮДАК ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ОПЕЛ” ВА ОШКОР ШУДАНИ 4 ҚАЛЛОБӢ ВА 3 ДУЗДӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 3 январи соли 2024

Ҳалокати писарбачаи ноболиғ дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ

21

Шоми 1-уми январи соли 2024, тахминан соати 18:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҳақназаров Маҳмадалӣ Абумуслимович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Роғун, дар рӯ ба рӯи деҳаи Лолагии ноҳияи Файзобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Олимов Муҳибулло Нусратуллоевич, соли таваллудаш 2014, сокини ноҳияи Файзободро пахш намудааст.

Дар натиҷа, ноболиғ Олимов М.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Фиреби шаҳрвандон бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт

23

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки моҳи августи соли 2023, марди 34-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус 460» ва 1-адад автомашинаи тамғаи «БМВ Х5»-ро ба маблағи 89 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағи мазкурро дар муддати кутоҳ бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 28-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки 15-уми майи соли 2023, марди 47-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Тайота Каролла»-ро ба маблағи 11 ҳазору 500 доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта ва маротибаи 2-юм моҳи июли соли 2023, 6 ҳазору 500 доллари амрикоиро бо мақсади қарз гирифта ваъда додааст, ки бар ивазаш дастгоҳи сохтмонӣ оварда медиҳад, аммо ӯ ваъдаашро иҷро накарда то ҳол маблағи мазкурро барнагардонидааст.
Зарари расонидашуда 18 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, моҳи марти соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии марди 50-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 43 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 23-юми феврали соли 2019, тибқи шартномаи хариду фӯруши молу мулк ба марди 58-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров аз бинои сохтмонӣ як ҳуҷраро ба маблағи 135 ҳазор сомонӣ фурӯхта, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт бо роҳи қаллобӣ, ҳуҷраи фурӯхтаашро боз ба марди 57-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ фурӯхта, маблағҳои мазкурро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дастгир шудани якчанд нафар бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ

116

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун бо ариза марди 58-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 18 ба 19-уми декабри соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо ашёҳои рӯзгорро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда, 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ зани 27-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 13-уми октябри соли 2023, тахминан соати 03:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо маҳсулоти рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Восеъ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар ноҳияи Н.Хусрав зани 33-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо асбобҳои барқии сохтмониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда, 9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button