БОЗДОШТИ 4 НОБОЛИҒ ДАР ПОЙТАХT БАРОИ АВБОШӢ ВА ХУДНАМОӢ (АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 3 январи соли 2024 аз боздошти 4 ноболиғ барои авбошӣ ва худнамоӣ хабар дод. Дар як ҳолат ин 4 ноболиғ як ҳамсоли худро дар кӯчаи Балъамӣ чоркаса латтукӯб кардаанд. Дар ҳолати дигар яке аз онҳо дар кӯчаи Ҷомӣ марди сархушеро латтукӯб карда, бо мақсади худнамоӣ ин ҳолатро ба навор гирифтаву дар Интернет нашр кардааст.
Милитсия мегӯяд, мутаассифона баъзе аз наврасоне ҳастанд, ки ба ҷойи андӯхтани илму дониш тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҳамзамон ин амали ғайриқонунии худро ба навор гирифта, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуда, бо чунин амали нангин гӯё бартарию қаҳрамонии худро нисбат ба дигар ҳамсолон ба намоиш мегузоранд.
Аз ҷумла, дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия чор ноболиғ дастгир карда шуданд, ки ҳамаи онҳо хонандагони мактабанд.
Ҳамчун гумонбар ноболиғон:
Садулоев Фатҳулло Хайрулоевич, санаи таваллудаш 09.09.2006, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Р.Набиев, хонандаи синфи 11-и МТМУ №99,
Ҳабибуллозода Сулаймон Мирзошо, санаи таваллудаш 25.10.2007, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи К.Хуҷандӣ, хонандаи соли якуми Литсейи техникӣ,
Мавлонназаров Интизор Гулмирзоевич, санаи таваллудаш 22.09.2007, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Нахимова,
Қурбонов Эҳсон Шералиевич, санаи таваллудаш 05.02.2007, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ю.Вафо хонандаи синфи 10 МТМУ №50, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуданд.
Худи ин наврасон ва волидони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсияи Душанбе гуфт, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки гумонбаршаванда Садуллоев Фатҳулло ҳангоми дар кӯчаи Балъамӣ, назди майдончаи варзишӣ қарор доштан, бе ягон асос як нафар ноболиғи ҳамсоли худро бо мушту лагат ва чӯбдаст мавриди латукӯб қарор додааст. Ин ҳолатро дигар ҳамроҳони ӯ мушоҳида намуда, барои содир намудани ин амали нангин ба номбурда мусоидат намудаанд.
Ҳамзамон ноболиғи дигар, шаҳрванд Ҳабибуллозода Сулаймон ҳангоми дар кӯчаи А.Ҷомӣ қарор доштан як нафар марди сархушро мавриди латукӯб қарор додааст.
Милитсия гуфт, боиси таассуф аст, ки ин наврасон ин амалҳои нангини худро ба навор гирифта, ҳамчун худнамоӣ дар шабакаҳои интернетӣ паҳн кардаанд, ки ин амали нангину ноҷавонмардонаи онҳо боиси вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардид.
Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолатҳо аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия маводи зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои таъсиррасони қонунӣ мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

