МУРОФИАИ ПАРВАНДАИ ПУРСАРУСАДОИ ҚАТЛИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВ ОҒОЗ ЁФТ, ВАЛЕ ПУШТИ ДАРҲОИ БАСТА
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 декабри соли 2023 ба муҳокимаи парвандаи пурсарусадои рабудан ва қатли муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев оғоз кардааст, вале мурофиа пушти дарҳои баста дар дохили боздоштгоҳ, ё СИЗО №1 мегузарад.
Мақомоти Додгоҳи олӣ то ҳол хабари оғози мурофиаи ин парвандаи аз ҳама пурсарусадои як соли гузаштаро расман ягон шарҳ надодаанд, вале пайвандони яке аз муттаҳамон ба шарти зикр нашудани номаш рӯзи 2-юми январи соли 2024 ба радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) гуфтааст, мурофиаи аввал 25-уми декабри соли 2023 гузашт. “Муҳокима рӯзҳои 26 ва 27-уми декабр низ идома кард. Имрӯз, 2-юми январ, мурофиа ҷараён дорад. Ба ҷуз аз вакилони мудофеъ каси дигаре иҷозаи иштирок дар мурофиаро надорад,” – афзудааст ӯ.
Қаблан “Азия Плюс” бо такя ба манобеи худ хабар дода буд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ин парванда муҳри махфӣ задааст ва муҳокимааш пушти дарҳои баста сурат хоҳад гирифт. Сабаби муҳри махфӣ задан ба ин парванда то ҳол расман ягон шарҳ дода нашудааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон ҳанӯз рӯзи 18 ноябри соли 2023 парвандаи рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоевро барои баррасӣ ба Додгоҳи олӣ супурда буд. Додситонӣ ҳамон вақт гуфта буд, ки дар ин ҷиноят 14 нафар, аз ҷумла Дилшод Саидмуродов айбдор мешаванд.
Дилшод Саидмуродов, маъруф бо лақабҳои “Дилшоди Красавчик” ва “Дилшоди СБ”, ки дар гузашта корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон буд, аз сӯи тафтишот саркардаи гуруҳи одамрабоён шумурда мешавад. “Дилшоди Красавчик”-ро, ки баъди рабудану куштани Шуҳрат Исматуллоев тарки Тоҷикистон карда, чандин моҳ дар Русия дар ҳоли фирор қарор дошт, дар аввали моҳи октябр аз Русия ба Тоҷикистон оварданд.
Бино ба фарзияи тафтишот, дар рабудан, азобу шиканҷа ва қатли Шуҳрат Исматуллоев 5 нафар аз одамрабоён: Дилшод Саидмуродов, Акбар Ахмедов, Рустам Ашӯров, Шоҳрух Хӯҷаев ва Бахтовар Сафаров иштироки фаъол доштаанд. Ҳамин 5 нафар шоми 23 июни соли 2023 Исматуллоевро аз назди хонааш дар маҳаллаи 8 Марти пойтахт ба мошин бор карда, ба як манзили аз қабл иҷорагирифта дар деҳаи Шодоби ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурдаанд. Исматуллоев соати сеи субҳи 24 июн баъди 7 соати шиканҷааш дигар ба ин ҳама азобу уқубат тоб наоварда, ҷон додааст. Одамрабоён ҷасади ӯро ҳамроҳи мошин ба дарёи Зарафшон партофта фирор кардаанд. Ҷасади Исматуллоевро баъди 50 рӯзи ҷустуҷӯ рӯзи 12 август аз мавзеи Саразми Панҷакент пайдо карда, рӯзи 30 август баъди анҷоми ташхисҳои ДНК, аз ҷумла дар яук ташхисгоҳи Маскав, дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурданд.
То имрӯз аксари одамрабоён дастгир шудаанд. Аз он шумор танҳо Рустам Ашӯров, ки билофосила баъди куштани Исматуллоев ба Туркия фирор карда буд, рӯзи 30 июн аз Истанбул ба Кишинёв парвоз кард. Вале ӯро ба марзи Молдова роҳ надоданд ва ӯ пистолети як марзбони молдованро кашида гирифта, ду афсарро парронд ва сипас дар ҷараёни як амалиёти вижа ҷароҳати зиёд бардошта, рӯзи 3 июл дар бемористон ҷон дод.
Тафтишот Дилшод Саидмуродовро роҳбар ва тарроҳи ин ҷиноят мешуморад. Ӯро дар аввали моҳи октябр ба Тоҷикистон истирдод карданд. Дар чанд видеои бозпурсиаш, ки нусхаҳояш ба дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, “Дилшоди Красавчик” баёнот дод, ки аз байн бурдани Исматуллоевро ба онҳо шарики ин бонкдор дар тиҷорати хонасозӣ Қамар Азизов, амакбачаи овозхонҳои гуруҳи овозадори “Анис” фармоиш додааст. Ӯ ҳамчунин баёнот дод, ки гӯё Қамар Азизов аз онҳо аз байн бурдани вазири саноати Тоҷикистон Шералӣ Кабирро ҳам хоста буд ва гӯё гуфтааст, ки “Шералӣ аз Шуҳрат ҳам пули зиёдтар дорад”.
Ба гуфтаи як нафари наздик ба Қамар Азизов, ӯ ҳангоми рӯбарӯкунӣ бо “Дилшоди Красавчик” даст доштанаш дар рабудани Шуҳрат Исматуллоевро рад карда, туҳмат номидааст.
Мақомот то кунун дар бораи дар ин ҷиноят даст доштани Қамар Азизов ягон шарҳ надодаанд. Вале бино ба иттилои дарёфтӣ, ӯ аз поёни моҳи июн, инак беш аз 7 моҳ боз дар СИЗО қарор дорад.