ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ РОНАНДА ВА МУСОФИР ДАР ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР РӮЗИ СОЛИ НАВ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 2 январи соли 2024

Ҳалокати ронанда ва мусофир дар ҳодисаҳои нақлиётӣ

17

31-уми декабри соли 2023, тахминан соати 01:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, Алиев Дилшод Муъминҷонович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди кӯчаи С.Айнии шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри”, ки таҳти идораи ронанда, Фозилов Фирдавс Олимҷонович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Бохтар қарор дошта, аз самти давро-даври бозори “Ҳоҷишариф” ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Камри” ва мусофирони дохили он Аҳмадов Ҳусейн Тоҳирҷонович, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Бохтар, Одинаев Саидҷон Тоҷиддинович, соли таваллудаш 1998, сокини нҳияи Кӯшониён, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд, инчунин ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ” Алиев Д.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
31-уми декабри соли 2023, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Королла”, Азизов Фирӯзҷон Маҳмадназарович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Ваҳдат, дар роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи мазкур Ҳасанов Бахтиёр, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Файзобод, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, Самадзода Акбарҷони Искандар, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Файзобод, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ифшо шудани ҳолати қаллобӣ ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ

123

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 69-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 7-уми сентябри соли 2023, дар назди маркази савдои «Саодат» зани 37-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 200 ҳазор сомониро ҳамчун қарз гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати як моҳ маблағашро бо пуррагӣ бармегардонад, аммо номбурда то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҷиноятҳои дуздии маблағу ашёи шаҳрвандон

134

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки 28-уми декабри соли 2023, тахминан соатҳои 12:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз онҷо 12 ҳазор сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 28-солаи сокини ноҳияи Ёвон содир намудааст.
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 46-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 18-уми декабри соли 2023, тахминан соати 23:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба нуқтаи бозиҳои компютерӣ ворид шуда, аз онҷо 1-адад “Сони 5+”, арзишаш 850 доллари амрикоӣ, 1-адад ноутбуки тамғаи “Ташиба”, арзишаш 2 ҳазору 500 сомонӣ ва 2-адад ҷостик арзишашон 2 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғони 14, 16 ва 15-солаи сокинони шаҳри Душанбе содир намудаанд.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи зани 43-солаи сокини ноҳияи Файзобод ворид гардидааст, ки шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиву нуқрагиро ба маблағи умумӣ 16 ҳазору 820 сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 18 ва ду духтарбачаи ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи Н.Хусрав бо ариза зани 33-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиааш ворид шуда, аз он ҷо асбобҳои барқии сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки бо ин кирдорашон ба ҷабрдида, ҷамъ ба маблағи 9 ҳазор сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 32-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button