
Дар арафаи Соли нави мелодӣ масъулони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои гуногуни Тоҷикистон дар бораи аёдати собиқадорону кӯҳансолон ва хонаводаҳои камбизоат ва ироаи бастаҳои туҳфаҳои солинавӣ ё кумакҳои ғизоӣ ба ин шаҳрвандон хабар доданд. Аммо, тавре шаҳрдории Истаравшан дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, дар ин шаҳр бо як иқдоми барои мақомоти давлатии Тоҷикистон камсобиқа ба як оилаи ниёзманд хона туҳфа кардаанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳр, рӯзи 31 декабри соли 2023 шаҳрдори Истаравшан Адҳам Маъмурзода худаш шахсан ба аёдати ин оила рафта, ҳамчун туҳфаи солинавӣ ба шаҳрванд Маърифат Камолова калиди хонаи дуҳуҷрагиро тақдим кардааст.
“Маърифат Камолова тайи чанд соли охир бо оилааш иҷоранишин буда, соҳиби ду фарзанд мебошад ва тайи чанд соли охир барои таъмин гардидан бо манзили истиқоматии доимӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муроҷиат менамуд. Мавриди зикр аст, ки як соли охир бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҳар моҳ маблағи иҷораи хонаи мувақаттии Маърифат Камолова аз ҳисоби фонди захиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дода мешуд. Ҳамакнун, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша орзуи деринаи оилаи мазкур амалӣ гардида, дар арафаи соли нав соҳиби манзили истиқоматии шахсӣ гардиданд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан.
Дар бораи инки кадоме аз соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша барои соҳиби хона шудани оилаи Маърифат Камолова кумак расондаанд?, чизе гуфта нашудааст.
Қаблан дар бораи чандин мавриди аз ҷониби мақомоти шаҳру ноҳияҳо ноҳияҳо (асосан аз ҷониби шаҳрдории пойтахт, шаҳри Душанбе) туҳфа кардани хона гузориш шуда буд, вале асосан сухан дар бораи туҳфа кардани хона ба варзишгарону аҳли фарҳанг барои дастовардҳои арзишмандонашон дар арсаи байналмилалӣ мерафт ваё ба оилаҳое, ки чоргонику ҳатто панҷгоник ба дунё меоварданд.
Ба оилаҳои муҳтоҷу камбизоат туҳфа кардани хона аз ҷониби шахсони саховатпешаву соҳибкорон низ хабарҳо зиёд нашр мешаванд, вале ба чунин кори хайр ташаббус кардани мақомоти маҳаллӣ, ҳатто бо кумаки соҳибкорону мардуми дастбахайр, дар Тоҷикистон ҳодисаи хеле нодир аст.
Даҳҳо нафар дар зери ин хабар дар Фейсбук ба шаҳрдории Истаравшан барои чунин кори хайр офарин хонда, ин амалро намунаи хубу шоистаи ибрат барои масъулони дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон номидаанд.






