ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЗАНИ КИСАБУР ДАР БОЗОРИ ИСТАРАВШАН ВА ДУЗДИИ 4 САР ЧОРВО ДАР ҒАФУРОВ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани дуздии 4 сар чорвои як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 50 ҳазор рублу корти бонкии як сокини Деваштик дар бозори шаҳри Истаравшан хабар дод ва гуфт, барои дуздии аввали як сокини пеш ҳам барои дуздӣ зиндоншудаи ноҳияи Ғафуров ва барои дуздӣ дар бозори Истаравшан … як зани 53-сола дастгир шудаанд.

Ҳангоми санҷиши парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати пешдастгиршуда марди 30-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, пеш бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, муайян гардид, ки ӯ 2-юм ба 3-юми декабри соли 2022, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 52-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз он ҷо 4 сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан аризаи марди 39-солаи сокини ноҳияи Деваштич ворид гардид, ки 6-уми декабри соли 2023, тахминан соати 10:00, шахсони номаълум ҳангоми дар дохили бозори марказии шаҳри Истаравшан қарор доштанаш ҳамёнашро, ки дар дохилаш 50 ҳазор рубли русӣ ва 1-адад корти «Амонатбонк» буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро зани 53-солаи сокини шаҳри Истаравшан содир намудааст.
Нисбат ба ҳарду гумонбаршаванда парвандаҳои ҷиноятӣ бар асоси моддаи 244, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ин банди қонун барои дуздӣ ҳамчун ҷазо то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дуздӣ яке аз ҷиноятҳои аз ҳама маъмул дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳар сол дар ҷумҳурӣ то 4 ҳазор ҳодисаи дуздӣ сабт мешавад. Ба сурати умум, дуздиҳо шашяки тамоми ҷиноятҳои дар кишвар рухдодаро ташкил медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button