7 ШОИР ВА 2 НАВИСАНДА БА ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН ПАЗИРУФТА ШУДАНД
Aтo Mирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки раёсати ин созмони эҷодӣ рӯзи 29 декабри соли 2023 дар ҷаласааш 9 адиб: 7 шоир ва 2 нависандаро ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул кардааст.
Ато Мирхоҷа номҳои аъзои нави Иттифоқи нависандагонро ҳам нашр кардааст:
- Синои Абуалӣ – шоир
- Шаҳриёр Олимӣ – шоир
- Баҳманёр Саид (Баҳман) – шоир
- Адибаи Ҳабиб – шоир
- Бузургмеҳри Ҳаким – шоир
- Садриддин Ҳасанзода – шоир
- Наргиси Муродалӣ – нависандаи бачаҳо
- Файзулло Абдулазизов – нависандаи ӯзбекизабон
- Асадулло Исмоилзода – шоир (узви ифтихорӣ, ш. Самарқанд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон)
Дар ҳамин ҷаласаи рӯзи 29 декабри раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамчунин ду асаррао барои дарёфти ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар соли 2024-ум пешниҳод кардаанд:
Дар бахши адабиёт:
- “Қаламрави меҳр” (маҷмуаи ашъор), Душанбе, нашриёти “Адиб”, 2022. Рустам Ваҳҳобзода.
Дар бахши адабиёти кӯдакон ва наврасон:
- “Кафшергар” (маҷмуаи қисса ва ҳикояҳо), Душанбе, “Истеъдод”, соли 2023. Равшан Махсумзод.
Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳодияи кинематографистони Тоҷикистон хабар дод, ки онҳо ба ҷоизаи Рӯдакӣ коргардон Носир Саидовро барои филми “Роҳ” пешбарӣ кардаанд. Носир Саидов барои ин филмаш сазовори Шоҳҷоизаи нахустин ҷашнвораи байналмиллалии филмҳои Душанбе – “Тоҷи Сомон” шуда буд.