ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МУНОҚИШАИ ХУНИНИ НАВРАСОН ДАР ХИЁБОНИ САЪДИИ ШЕРОЗИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҳодисаи муноқишаи хунин бо истифода аз корд миёни наврасон дар пойтахт, шаҳри Душанбе хабар дод.

Бино ба иттилои ВКД, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.

Худи гумонбаршаванда ва наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи мақомот, рӯзи 26-уми декабри соли 2023, тахминан соати 14:00, дар хиёбони  Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе ин наврас бо ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт муноқиша намуда, бо корд ба қафаси синаи чап ва дасти чапаш ду маротиба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида зарари ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса ва сабаби муноқишаи байни ин ду наврас шарҳ дода нашудааст. ВКД танҳо гуфт, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи муноқишаҳои хунини миёни наврасон бо истифода аз силоҳи сард хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Милитсияи шаҳри Душанбе аз соли 2018 ба ин тараф бо мақсади пешгирӣ аз чунин ҳодиса дар пойтахт амалиёти вижаеро бо номи шартии “Корд” ба роҳ андохта, ҳар сари чанд вақт аз мусодираи даҳҳо адад силоҳи сард хабар медиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button