ҲУШДОР АЗ ҲАВОИ САРДУ ХОКБОРИШ ДАР ҶАНУБ ВА МАРКАЗИ ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти ҳавошиносон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки рӯзи 29 декабри соли 2023 дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳдомани Тоҷикистон ҳавои сард пешбинӣ шудааст. Суръати шамол аз 15-20 м/сонияро ташкил дода, дар ҷануби вилояти Хатлон суръати шамол то 20-25 м/сония хоҳад расид.
Кумита ба ин далел аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хостааст, ки дар ин рӯзҳо равуои бидуни зарурати худро тавассути роҳҳои кӯҳистон маҳдуд карда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, шикор, мошидорӣ дар манотиқи кӯҳсор худдорӣ варзандЮ ҳангоми истифодаи бухорӣ ва дастгоҳҳои гармидиҳанда қоидаҳои зидди сӯхторро қатъиян риоя кунанд ва кӯдаконро беназорат нагузоранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинони деҳот ва манотиқи кӯҳистону кӯҳдоман хостааст, ки ҳангоми гарм кардани хонаҳояшон ҳатман қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро риоя карда, бо рӯшан кардани дастгоҳҳои зиёд ба хатҳои барқ фишор наоранд. Аз рӯи имкон тирезаҳоро маҳкам пӯшонда, гармии хонаро нигоҳ бидоред. Ҳаноми истифода аз ангишт барои гарм кардани хона, назорат кунед, ки бухориҳо то ҳадди обшавии оҳанашон гарм нашаванд, масъулияти ба кор андохтани таҷҳизоти гармидиҳиро ба кӯдакон насупоред ва дудбароҳоро бори дигар тафтиш кунед, ки дуда нагирифта бошанд.
Кумита аз ронандагоне, ки тавассути роҳҳои кӯҳистон нақшаи сафар доранд, хоҳиш мекунад, ки қабл аз сафар масири ҳаракати худро хуб биомӯзанд вапеш аз ба роҳ баромадан ба вижа, маълумоти муътамад дар бораи ҳолати роҳҳоро аз вазорати нақлиёт, ВКД ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дарёфт кунанд. Бенуқсон будани мошини худро пеш аз сафар бисанҷанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ бо шинаҳои тобистона ба роҳ набароянд. Аз ронандагони мошинҳои боркаш хоста шудааст, ки ҳатман бо худ чароғи васлгарӣ (паяльная лампа), матоъ барои гарм кардани капорту панҷараи радиатор бигиранд ва бенуқс будани шабакаи гармидиҳии мошинро бисанҷанд.
Ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар роҳ Кумита аз ронандагон хостааст, ки бо суръати муътадиле, ки бехатариро дар роҳҳои пурмошин, дар назди мактабҳо, дар ағбаҳо ва дар гардишҳову нишебиҳо таъмин карда тавонад, ҳаракат кунанд.
Ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳистон аз ронандагон хоста шудааст, ки фосилаи назар ба маъмул зиёдтарро риоя кунанд, чунки барои манъ кардани мошин дар роҳҳои лағжонак фосилаи хеле зиёдтар лозим аст.
Ҳамчунин ба далели баланд будани хатари маргумири чорвои навзод дар чарогоҳҳои зимистона аз чӯпонҳо хоста шудааст, ки чорвои навзодро дар маконҳои гарм нигоҳ бидоранд.
Бино ба пешбинии ҳавошиносон ба сабаби шамоли сахт рӯзҳои 29-30 декабри соли 2023 дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон, ҳамчунин дар шаҳри Душанбе хокбориш низ пешбинӣ карда мешавад. Ба ин далел аз ҳама хоста шудааст, ки ба беморони қалбу диабети қанд ва диққинафасу фишори баланд дар ин рӯзҳо аҳамияти вижа дода, хонаҳояшонро бо латтаи тар пок кунанд ва дар сурати зарурат ниқоби тиббӣ бипӯшанд.