ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

3 МИЛИСАЗАНИ БЕҲТАРИН: ПОЛКОВНИК НАРГИС ОТАҶОНЗОДА, ПОЛКОВНИК МАҲБУБА ГУЛ ВА ПОДПОЛКОВНИК ШАФОАТ БОБОҶОНОВА

Рӯзи 27-уми декабри соли 2023 дар вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни «Беҳтарин кормандзани мақомоти корҳои дохилӣ» байни заноне, ки дар ин вазорат дар вазифаҳои роҳбарикунанда ифои вазифа мекунанд, баргузор гардид

Даврҳои аввали ин озмун моҳи ноябр дар арафаи Рӯзи милитсия ва Рӯзи президент доир гардида, ба даври ниҳоӣ 20 нафар роҳ ёфтанд.
Тибқи низомнома озмун таҳти назорати ҳакамон дар чор марҳилаи санҷишӣ; – кори хаттӣ (диктант) аз фанни забони тоҷикӣ, кори хаттӣ аз фанни забони русӣ, саволҳо дар доираи фаъолияти президент Эмомалӣ Раҳмон ва саволҳо аз китоби «Масъулияти роҳбари сохтори мақомоти корҳои дохилӣ»-и вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода Р.Ҳ. доир гардид.
Ҳайати ҳакамон, дар баробари санҷиши хаттӣ дараҷаи саводи зеҳнӣ ва амалии иштирокчиёни озмунро бо пешниҳоди саволҳо муайян намуданд. Ҳакамон бар асоси маҳорати суханварӣ бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ, ҳозирҷавобӣ ба ҳайси роҳбар, малакаи роҳбарӣ ҳангоми кор бо зердастон, доштани донишҳои тахассусӣ барои таҳлил ва нақшабандии фаъолияти хизматӣ, огоҳӣ аз фаъолияти президенти Тоҷикистон ва санаҳои таърихӣ 6 ғолибро муайян ва эълон карданд.
Ҳамин тавр ҷойи аввалро полковники милитсия Отаҷонзода Наргис – муовини командири қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, зинаи дуюмро полковники милитсия Гул Маҳбуба – сардори шуъбаи сомонаи расмии ВКД дар назди дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ ва ҷойи сеюмро подполковники хизмати дохилӣ Бобоҷонова Шафоат Қурбонбоевна – муовини сардори котиботи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ишғол намуда, бо Ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ: ҷойи аввал 3 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 2 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 1 ҳазор сомонӣ мушарраф гардиданд.
Ҳамчунин, полковники милитсия Зубайдуллозода Зулфия – сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД, майори милитсия Сафарзода Гулбаҳор – тарҷумони РВКД дар вилояти Хатлон ва подполковники милитсия Забирзода Шаҳло – сардори шуъбаи Раёсати таъминоти моддӣ, техникӣ ва низомии ВКД сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, бо сипоснома ва як ҳазор сомонӣ ҷоиза сарфароз гардонида шуданд.
Ин озмун таҳти назорати ҳакамон: Каримов Нарзулло – устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Назарова Парвина – устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, полковники милитсия Давлатшозода Азиза – сардори кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон Раиси Ассотсиатсияи шӯрои занони ВКД, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ – муовини Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Самиъзода Бахтиёр – дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, ҷараён гирифт.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ, ки бо иштироки муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Иброҳимзода Нозим ва кормандзанони шуъбаю раёсатҳои мақомоти корҳои дохилӣ доир гардид, натиҷаи фаъолияти Ассотсиатсияи шӯрои занони ВКД дар давоми соли 2023 ҷамъбаст гардида, вазифаҳо барои соли 2024 мушаххас гардиданд.



146
147

147
148
150
151
152
153
154159
155
158
157

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button