ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷиронСиёсат

ПАРВАНДАИ БАРОДАРИ САРДАБИРИ “ПАЁМ ТВ”-РО БА ДОДГОҲИ НОҲИЯИ АШТ СУПУРДААНД

Мақомоти Тоҷикистон тафтиши парвандаи Аслиддин Шарипов, бародари Шавкати Муҳаммад, яке аз фаъолони мухолифи ҳукумати кунунӣ ва сардабири канали оппозитсионии “Паём ТВ”-ро  ба анҷом расонда, ба додгоҳ супурдаанд.

Як манбаи наздик ба тафтишот рӯзи 27 декабри соли 2023 ба радиои зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ радиои “Озодӣ”) гуфт, ки муҳокимаи парвандаи Аслиддин Шарипов аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Ашт, вале дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд хоҳад гузашт.

“Мурофиаи аввал ба 26-уми декабр таъйин шуда буд. Ба сабаби наомадани додситон барпо нагашт. Вакили мудофеъ ҳам даъват шуда буд ва бо шахси зери ҳимояташ мулоқот кард ва аз аҳволи ӯ огоҳ аст”, – гуфтааст ин манбаъ ба шарти фош нашудани номаш.

Маълум нест, ки ин адвокати аз тарафи давлат таъйиншудааст ваё наздиконаш барои ӯ адвокат гирифтаанд. Қаблан наздикони Аслиддин Шарипов гуфта буданд, ки вакили кирокардаашон баъди мулоқоти аввал бо ӯ дар боздоштгоҳи Хуҷанд гуфтааст, ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки ҳимояти ӯро ба дӯш бигирад  на? Дар Тоҷикистон адвокатҳо аксар вақт аз тарси онҳоро “чап” гирифтани мақомот ҳадалимкон аз бар ӯҳда гирифтани парвандаҳое, ки ангезаҳои сиёсӣ доранд, худдорӣ мекунанд. Дар натиҷа, ҳимояти чунин афродро мақомот худ ба адвокатҳои давлатӣ, ки аз хатти кашидаи мақомот берун намебароянд, месупоранд. Адвокатҳои давлатӣ дар асл дар ин парвандаҳо на барои ҳимоят аз манфиати боздоштшуда, балки сирф барои намоиши инки ӯ адвокат дошт, иштирок мекунанд.

Мақомот бо гузашти инак қариб се моҳ аз истирдоди Аслиддин Шарипов аз Русия, то ҳол ягон бор парвандаи ӯро расман шарҳ надодаанд. Вале бино ба иттилои наздиконаш, ӯ бар асоси ҳамон моддаи машҳури 307 ба ҳамкорӣ бо созмонҳои  мамнӯъ айбдор мешавад.

Аслиддин Шарипов 36 сол ва 3 фарзанд дошта, аз соли 2016 дар Русия дар як сохтмон кор мекард. Ӯ ҳанӯз 22 сентябри соли 2022 дар шаҳри Нижний Тагили Русия бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шуд ва баъди беш аз як соли боздошт, дар аввали моҳи октябри соли 2023 ба мақомоти Тоҷикистон супурда шуд.

Бар асоси маводи парвандаи истирдодаш, дар Тоҷикистон Аслиддин Шарипов бар асоси қисми дуюми моддаи 307, иловаи 3 ба ҳамкорӣ бо созмони мамнӯъ айбдор мешавад. Моддаи 307 дар Тоҷикистон барои таъқиби мухолифону дигарандешон ва наздикони онҳо истифода мешавад.

Наздикони Аслиддин иттиҳоми ҳамкории ӯ бо созмонҳои мамнӯъро ро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ ягон фаъолияти сиёсӣ надошт ва дар Русия дар сохтмон кор мекард. Ба бовари наздиконаш, сабаби аслии таъқиби Аслиддин Шарипов бародари ӯ будани  Шавкатҷон Шарипов, маъруф бо тахаллуси Шавкати Муҳаммад, сардабири шабакаи телевизионии оппозитсионии “Паём ТВ” аст.

Қаблан Шавкати Муҳаммад, ки чанд соли охир дар Аврупо ба сар мебарад,  дар як номаи саркушода ба додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон навишт, ки бародараш узви ягон гуруҳ ё созмони сиёсӣ ҳеҷ гоҳ набуд ва ягон фаъолияти сиёсӣ надошт. “Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ низ фаъолияти сиёсӣ ва ё ҳамкорӣ бо аҳли сиёсат надошт.. ҳеҷ гоҳ узви ягон ҳизбе набуд ва мадори сиёсӣ ҳам надошт. Ҳамеша дур аз сиёсат буд. Бо ман, акояш Шарипов Шавкатҷон Мамадҷонович, ки паноҳандаи сиёсӣ дар Утриш ҳастам, камтарин тамос надошт. Ягон маротиба, дар шабакаҳои иҷтимоъӣ фаъолияти сиёсӣ набурдааст. Баракс сиёсатро бад медид”, – таъкид карда буд Шавкати Муҳаммад дар номааш ба прокурори генералӣ.

Шавкати Муҳаммад айбномаи зидди Аслиддин Шарипов: гӯё узви ҳам ҳизби наҳзат ва ҳам “Гуруҳи 24” будани ӯро “ҷурмҳои сохтаву бофта” номида, аз Додситонии кул хоста буд, ки нисбат ба додараш аз рӯи қонун муносибат кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун ба номаи Шавкати Муҳаммад ягон посух надодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button