ОВОЗХОНИ ШУҲРАТЁР ҶӮРАБЕК МУРОДОВ ДАР МАСКАВ ДУ КОНСЕРТ БАРГУЗОР МЕКУНАД

Овозхони шинохтаи тоҷик, Ҳунарманди халқии СССР Ҷӯрабек Муродов дар шаҳри Маскав барои мухлисонаш консерти вижаеро таҳти унвони “Бо Худо, бо халқ, бо худ” баргузор мекунад. Консерт рӯзҳои 3 ва 4 январи соли 2024, соати 20:00 дар тарабхонаи “Кристалл” дар суроғаи: шаҳри Маскав, истгоҳи метрои “Красногвардейская”, Ореховий булвар, 31А доир мешавад.
Ҳамватаноне, ки дар Русия қарор доранд ва мехоҳанд ҳунарнамоии овозхони маҳбуби худро тамошо кунанд, бо ин рақамҳо метавонанд ба ташкилкунандагони консерт тамос бигиранд:
+992 938-45-00-30 (дар Тоҷикистон)
+7905-598-47-47
+7999-916-99-27 (дар Русия)
Ҳунарманди халқии СССР Ҷӯрабек Муродов 81 сол дорад. Ӯ 24 декабри соли 1942 дар ноҳияи Айнӣ ба дунё омада, соли 1963 баъди хатми Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) то соли 1992, дар тӯли 30 сол дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон кору ҳунарнамоӣ кардааст. Соли 1992, дар пайи оғози нооромиҳо аз Душанбе ба Хуҷанд кӯчид ва инак беш аз 30 сол боз дар Хуҷанд кору зиндагӣ мекунад.
Ҷӯрабек Муродов соли 1967, вақте ки ҳамагӣ 25 сол дошт, сазовори унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон шуд. Соли 1974, дар синни 32 унвони Ҳунарманди халқии Тоҷикистонро ба даст овард ва соли 1979, дар синни 37 соҳиби унвони Ҳунарманди халқии СССР, унвони аз ҳама баланд дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.
Ҷӯрабек Муродов 4 писар дорад, ки аз миёни онҳо писари хурдиаш Ҷонибек Муродов пешаи падарро пеш гирифт ва ҳоло яке аз овозхонҳои матраҳи эстрадаи тоҷик дониста мешавад.

