АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ҲАБСИ ШАҲРВАНДИ 30-СОЛАИ ТОҶИК ДАР ОЛМОН БАРОИ ҚАСДИ ҲАМЛА БА КАЛИСОИ ҶОМЕИ КЁЛН

Пулиси шаҳри Кёлни Олмон рӯзи 26 декабри соли 2023 аз боздошти як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон дар чорчӯби тафтиши парвандаи нақшаи ҳамлаи террористӣ ба калисои ҷомеи Кёлн дар рӯзҳои таҷлили Мавлуди Масеҳ ва соли нави мелодӣ хабао дод.

Пулис гуфт, дар чорчӯби таҳқиқи ин нақҳаи ҳамла дар арафаи Мавлуди Масеҳ, яъне 23 декабр, бо кумаки нирӯҳои вижаи “спетсназ” манзилеро дар шаҳри Везели вилояти Рейни Шимолӣ -Вестфалия дар наздикии Дюсселдорф кофтукоб ва 5 нафарро дастгир карданд. 4 нафар аз дастгиршудагонро, ки аз кадом кишвар будани онҳо гуфта нашудааст, баъди бозпурсӣ ҷавоб додаанд, вале як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон, ки ба таъкиди пулиси Кёлн, “дар борааш маълумоти марбут ба амнияти давлатӣ мавҷуд аст… бо мақсади пешгирӣ аз таҳдид аз ҷониби мақомот ба ҳабс гирифта шуд”.

Рӯзи 25 декабр додгоҳи маъмурии шаҳри Оберҳаузен дархости пулиси Кёлнро қонеъ гардонда, ин шаҳрванди Тоҷикистонро то 7 январ ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.

Пулиси Кёлн гуфт, барои халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот аз ироаи ҷузъиёти бештар дар бораи боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир худдорӣ мекунад.

Сардори пулиси Кёлн Михаэл Эссер гуфт: “Мо барои ҳимояти мардум, калисо ва чорабиниҳои солинавӣ аз тамоми тадбирҳои қонунӣ истифода мебарем. Тафтишот бо суръат идома дорад в мо аз намозгузорони калисои ҷомеи Кёлн миннатдорем, ки нисбат ба чораҳои шадиди амниятии андешидашуда бо ҳусни тафоҳум бархӯрд мекунанд”.

Ба далели таҳдиди ҳамлаи террористӣ пулис баргузории чорабиниҳои марбут ба Мавлуди Масеҳро дар калисои ҷомеи Кёлн шадидан маҳдуд кард ва ҳар нафареро, ки ин шабу рӯз вориди калисо мешавад, мӯшикофона кофтукоб мекунанд.

Калисои ҷомеи Кёлн дар асрҳои миёна ва сипас дар асри 19 дар тӯли чанд аср сохта шуда, бо 157 метр баландиаш сеюмин маъбади баландтарин дар дунё дониста мешавад ва ЮНЕСКО ин калисоро ба Рӯйхатти мероси фарҳангии башарият шомил кардааст.

Қаблан гузориш шуда буд, ки нирӯҳои амниятӣ ва пулиси Олмон, Австрия ва Испания рӯзи 23 декабри соли 2023 чанд нафарро бо гумони тайёрӣ ба ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳрҳои Кёлни Олмон, Вена ва Мадрид, пойтахтҳои Австрия ва Испания дастгир карданд. Бино ба хабарҳо, чанд нафар дар минтақаи Оттакринги шаҳри Вена ва як нафари дигар дар устони Саар дар марзи Олмон бо Фаронсаву Люксембург боздошт шудаанд. Матбуоти Олмон хабар дод, ки ин афрод қасд доштаанд, ки ҳамлаҳои террористиро дар рӯзҳои Мавлуди Масеҳ ва Соли нав анҷом диҳанд.

Нашрияи олмонии  Bild am Sonntag бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки дастгиршудаҳо ҳама зодагони Тоҷикистон буда, ҳамлаҳои худро мехостанд аз номи “ДОИШ- Хуросон”, яке аз шуъбаҳои созмони террористии ДОИШ, ки асосан дар Афғонистону Покистон амал мекунад, анҷом диҳанд.

Ба иттилои “Билд”, он зодаи Тоҷикистон, ки дар Олмон дастгир шуд, аз қабл ба мақомот ҳамчун ифротгаро маълум буд, вале ҳанӯз рӯшан нест, ки оё ӯ ба нақшаи амалҳои террористӣ даст дорад ё на?

Дар ҳамин ҳол, як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар ҷамъияти тоҷикони муқими Олмон гуфт, хатари ин тоҷикҳои доишӣ як каме аз будаш бузургтар нишон дода мешавад.

Ин ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт: “Тоҷикҳои узви ДОИШ баъди саркӯб шудани ин гуруҳ дар Сурияву Ироқ аксаран ба Украина паноҳ бурда буданд. Баъди оғози ҳамлаи Русия ба Украина, инҳо бо истифода аз фурсат ба суррати оммавӣ ба Аврупо омаданд. Вале фикр накунам, ки инҳо хатари ҷиддӣ дошта бошанд. Аз ҳад зиёд мелақанд ва худро хеле хатарноку муҳим нишон доданӣ мешаванд, вале дар асл чизе аз дасташон намеояд. Инҳо аксаран ҷавонони роҳгумкардаеянд, ки намедонанд, худро ба кадом соҳил бизананд”.

Ӯ аз парвандаи пурсарусадои 5 тоҷике ёдовар шуд, ки ду сол пеш дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон низ бо иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дастгир шуданд. Ба иттилои ҳамсуҳбати “Бомдод”, ин парванда дар ниҳоят пош хӯрд ва ба ҷуз аз ду раҳбари он гуруҳ бақия ҳукмҳои сабук гирифта, хеле зуд аз Олмон ба Тоҷикистон депортатсия карда шуданд.

 “ДОИШ- Хуросон” ба номи давлати бузурги бостонии Хуросон, ки дар густураи бузурге аз Осиёи Марказӣ то Осиёи ҷанубӣ доман густурда буд, номгузорӣ шудааст. “Хуросон” дар харитаи имрӯзаи ДОИШ низ қаламрави бузургер– аз Афғонистону Покистон ва устонҳои  шимолушарқии Эрон то кишварҳои имрӯзаи Осиёи Миёна ва вилоятҳои умдатан мусулмоннишини шимолуғарби Хитойро дар бар мегирад.

Баъди саркӯби муҳраи асосии ДОИШ дар Ироқу Сурия ва шуъбаҳояш дар қораи Африқо ва нимҷазираи Арабистон,  “ДОИШ- Хуросон” дар ҳоли ҳозир фаъолтарин бахши ДОИШ дар саросари ҷаҳон ба шумор меравад. Ҷангиёни он дар Афғонистон ба зидди гуруҳи дигари тундрави Толибон, ки соли 2021 ҳукуматро дар ин кишвари ҷангзада ғасб карданд, меҷанганд ва барои ба Осиёи Марказӣ густариш додани доманаи фаъолиятҳояшон заминаву пойгоҳ тайёр мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button