ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР НОҲИЯИ ҒАФУРОВ ЯК НАВРАС 3 ҲАЗОР ДОЛЛАР 30 ҲАЗОР СОМОНИИ ПАДАРАШРО ДУЗДИДААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 26 декабри соли 2023

Аз худ намудани автомашинаи “Лексус” бо роҳи қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 33-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи июли соли 2023, дар кӯчаи А.Ҷомӣ марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус-450»-ро ба маблағи 230 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар муддати 1 моҳ бо пуррагӣ бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани якчанд ҳодисаи дуздии молу амволи шаҳрвандон

120

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза зани 38-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 25-уми декабри соли 2023, тахминан соати 03:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи хӯроквории «Ансора» ворид шуда, аз онҷо маҳсулоти хӯроквории гуногун ва камераи мушоҳидавиашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 43-солаи сокини ноҳияи Вахш, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Б.Ғафуров аризаи марди 51-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки дар давоми 1 моҳ, шахсони номаълум аз дохили ҷевони оҳанини хонаи истиқоматиаш 3 ҳазор доллари амрикоӣ ва 30 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд ки, ҷинояти мазкурро писари ноболиғи 17-солаи аризадиҳанда, сокини ҳамон ҷо содир намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 30-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, моҳи октябри соли 2022, тахминан соати 12:00, аз заминҳои хоҷагии деҳқонии «Р.Набиев»-и ҷамоати деҳоти Ёва 2 сар чорвои майдаи шохдорро, ки ба марди 51-солаи сокини ноҳияи мазкур тааллуқ дошт, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button